ҳуқуқ
АЗ СУЛҲИ ҲАСАНӢ ТО ҶАНГҲОИ ҲУСАЙНӢ
Бо гувоҳи таърих рӯҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд, солҳои аввали истиқлолият чун раванди асосии қудратхоҳ рӯи кор омаданд ва ба зудӣ сарпарастони хориҷии худро пайдо карданд. Чун ҳадафи аслии онҳо расидан ба қудрати сиёсӣ буд, зери ниқоби ислом ба “хидмат” омода будани худро бо ниҳоду неруҳои беруна эълон карда, бо ин рафтори худ ба ваҳдати миллӣ ва пайвандҳои таърихии миллати тоҷик латмаи ҷонкоҳ ворид намуданд. Ин раванд ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ замина омода карда, фаъолияти ҳизби пинҳонӣ дар даврони шӯравӣ таъсисёфтаро бо номи ҲНИ сахт ба таҳрик даровард. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои ҳизбӣ тавонистанд дар мағзи аксар ҷавонони гумроҳ ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад.
Дар муборизаи ошкорои ҲНИ барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ таъсиргузории назариявӣ - идеологии низоми давлатдории эронӣ ба сабаби ҳамзабон будан ва изи манҳуси фаъолиятҳои амалӣ - ҷиҳодии афғонӣ ба хотири ҳаммарз будан бармало эҳсос мешуд. Наҳзатиҳо аслан зимоми идоракунии ИНОТ-ро комилан ғасб намуданд, аз тариқи таблиғот дар байни мардум мағзшӯии мафкуравӣ анҷом дода, муборизаи худро аз майдоншинӣ ва даъвати мардум аз шаҳру навоҳии гуногуни кишвар шурӯъ карданд. Рафти мубориза нишон медод, ки онҳо дар асоси барнома ва нақшаву қолабҳои сиёсии қаблан тарҳрезишуда амал мекунанд. Тарафдорони онҳо асосан оммаи мардуми бесавод буданд, ки ба ивази дастмузди ночиз ва ваъдаву таҳдидҳо онҳоро ба майдонҳои муборизаи сиёсӣ ҷалб мекарданд. Тибқи мушоҳидаҳои собитшуда, баъзе даъватҳо ва шиорҳои замони инқилоби эронӣ дар майдонҳои исломгароёни тоҷик низ садо медоданд, ки аз таъсири неруҳои берунаи манфиатҷӯ ва ҳавохоҳони нооромии Тоҷикистон дарак медоданд.
Вале гуноҳи бузурги нобахшидании наҳзатиён мардумро фиреб дода, ба ҳудуди Афғонистон гурезаву муҳоҷир кардан буд, ки боиси коҳиши обруву эътибори ҷумҳурӣ дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Ҳамин рафтори ноҷавонмардонаи наҳзатиҳо то имрӯз ҳамчунон норавшан боқӣ мондааст, “ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо”. Дар он даврони пурталотум тасаввур кардан номумкин буд, ки нооромӣ дар давлати Афғонистон ва таъсиргузории он ба вазъияти ҷумҳуриҳои минтақа то дараҷае боло меравад, ки ҳатто боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардад. Аз ҷониби дигар, таҷрибаи рӯзгор чунин баҳра дод, ки буриши Амударё ҳамчун ҳарими фарҳангсолорӣ барои Мовароуннаҳр (Трансоксиана) танҳо ҷудошавии марзии мардумон набудааст, балки бо гузашти айём ҷаҳонбинӣ, тафаккур, андешаронӣ, баҳодиҳии арзишҳои миллию динӣ, тарзи зисту рӯзгор ва, умуман, зеҳният (менталитет)-и одамон низ аз ҳам сахт дуру бегона шудаанд. Ва дубора ба ҳам овардани ин парешониҳо кори бисёр мушкил аст ва аслан орзуи ношуданист. Палид будани чунин рафторро Саъдии бузургвор тақрибан 800 сол пеш баён кардааст, ки хондани як қитъаи машҳураш инсонро ба ҳайрат меоварад: наход онро маҳз дар мазаммати наҳзатиён пешгӯӣ карда бошад?!
Ҳар кӣ машҳур шуд ба беадабӣ,
Дигар аз вай умеди хайр мадор.
Об, к-аз сар гузашт дар Ҷайҳун,
Чи ба дасте, чи найзае, чи ҳазор.
Шоир таъкид мекунад, ки риоя накардани ҳама гуна таҳримот камоли беадабист ва моҳирона дарёи Ҷайҳун (Амударё)-ро ҳамчун унсури муайянкунандаи ҳамин ҳудуд ташбеҳ дода, ҳушдор медиҳад, ки ҳолати бадани худро бо оби он тар кардан – хоҳ ба як ҷуръа ва хоҳ ба миқдори зиёд – ба хайри он шахс умед бастанро барбод медиҳад. Пешвоёни ин ҳизби ба ном “худоҷӯ” бар пояи поймолкунии ҳаримҳо ҳукумати муросои миллӣ ташкил намуданд. Вале гузашти айём нишон дод, ки ҳеҷ кишваре намехост бо онҳо сарукор гирад. Дар муддати кӯтоҳи фаъолияти ин ҳукумат ҷангҳои бародаркушӣ қисмати зиёди ҷумҳуриро фаро гирифт. Кишвар ба вазъияте монанд ба Афғонистони гирифтори ҷанг шабеҳ мешуд. Моликияти давлатӣ ба тороҷ рафт ва ба кишвар даҳҳо миллиард доллари ИМА зарари молию ҷонӣ мерасид. Танҳо моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ садди роҳи ин хатари миллаткушу кишварсӯз шуда тавонист. Баъди барқарор шудани сохти конститутсионӣ низ таҷриба собит сохт, ки тухми низои коштаи ТТЭ ҲНИ ба осонӣ бартараф намешавад. Наҳзатиёни ранҷида тӯли солҳои 1992-1997 муборизаи мусаллаҳонаро идома доданд. Шаҳру деҳот ва боғу киштзор, муассисаҳои давлатӣ ва хонаҳои шахсӣ ба коми оташ кашида шуданд ва вайрону валангор гардиданд, мардуми зиёд кушта ва гуреза шуданд. Таҳдиди воқеии аз харитаи сиёсӣ маҳв шудани номи Тоҷикистон ба миён омада буд. Дар ҳамин вазъи ҳассос Пешвои миллат қатъи назар аз хатару мушкилиҳо ба иқдоми наҷиби сулҳофаринӣ дар таърихи навини башарият иқдом намуданд. Баъд аз гузарондани ҳашт давраи гуфтушунид бо мухолифин 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид ва гурӯҳи мухолифин 30 дарсад курсиҳои ҳукуматро соҳиб шуданд, вале ҳанӯз то оромии комили сиёсӣ ва истиқрори сулҳ сухан гуфтан бармаҳал буду хамирмояи фитрати азалии миллати тоҷик аз ҳамин санаи таърихӣ рӯ ба иқбол овард. Таҷрибаи таърихӣ ва таҳлили коршиносон собит намуд, ки дастгирии молиявӣ ва таъмини мухолифин бо силоҳ ва маводи дигари мавриди ниёзи онҳо аз қаламрави Афғонистони ноором мешуд. Бояд миллати тоҷик ба хубӣ дарк кунад, ки исломгароёни мо дар шакли ТТЭ ҲНИ иҷрокунандагони лоиҳаҳои қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ буданд, на чизе беш аз ин. Аз ин сабаб, ворид шудани намояндагони онҳо дар ҳайати Ҳукумат барои миллати тоҷик ҳеҷ суде наовард. Зиёда аз ин, ҳамчун ҳизби сиёсӣ номнавис шудани ҲНИ дар фазои сиёсии кишвар пайваста омили таҳрикдиҳандаи воқеаҳои хунин ва бесарусомониҳо мегардид, зеро ин ниҳоди сиёсӣ аз оғози таъсисёбӣ бо созмонҳои ифротгаро, тундрав ва мубаллиғони ақидаҳои динии харобиовар дар ҳамкории доимӣ қарор дошт. Ба назари мо, баёни як далели воқеӣ барои дарки ниятҳои зишти ин ҳизб басанда хоҳад буд. Баъди имзои созишномаи сулҳ роҳбари онвақтаи ҳизб озими шаҳри Қум гардида, дар назди гурӯҳи ҳазорнафараи донишҷӯёни наҳзатӣ дар бораи натиҷаи гуфтушунидҳо бо Ҳукумати Тоҷикистон чунин изҳори ақида кардааст: “Мо сулҳи ҳасанӣ кардем, шумо барои ҷангҳои ҳусайнӣ дар Ҷумҳурии Исломии Тоҷикистон омода бошед”. Ҳамин аст то ҳанӯз шиори “аъмол би-н-ниёт”- и ин ҳизб ва дигаргун ҳам нахоҳад шуд.
Файзулло БАРОТЗОДА,
директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.09.2018 №: 177-178 Мутолиа карданд: 976