туризм
ТИМОФЕЙ БАЛИКО: "ТАШАККУР БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН"
Муаллими таърих, сайёҳ, муҳаққиқ, нависанда ва суратгири рус Тимофей Балико, ки моҳи августи соли 2018 аз Тоҷикистон дидан намудааст, аз тамошои ин минтақаи АвруОсиё ба ваҷд омада, баъди бозгашт ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нома навишт. Нома ва аксҳои ин сайёҳро, ки дар шабакаи ҷаҳонии Фейсбук ва сомонаи «Маркази Лев Гумилёв» ҷой дода шудааст, бознашр мекунем.
«Салом, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон!
Ба ман, муаллими таърих, ҷомеашиносӣ ва кишваршиносии мактаби миёнаи № 16 - и ноҳияи Шелковскийи вилояти Москваи Федератсияи Русия моҳи августи соли 2018 муяссар гардид, ки бо мақсади тадқиқоти этнографӣ ба кишвари дилфиреби Шумо сафар намоям ва ҳоло мехоҳам ба Шумо барои меҳрубонӣ ва меҳмоннавозии мардуми одии тоҷик, меҳнаткашони Тоҷикистон самимона изҳори сипос намоям. Тайи даҳ соли охир банда бо мақсадҳои тадқиқотӣ ба минтақаҳои гуногуни сайёраамон — Чин, Ҳиндустон, Мексика, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Африқо, Исроил, Фаластин, Эрон ва дигар кишварҳо сафар кардам. Ба ақидаи ман, Тоҷикистон, бешубҳа, кишвари аз ҳама дӯсту қарин барои сайёҳон мебошад. Оид ба хайрхоҳӣ ва меҳрубоние, ки зоҳир карда шуд, мисолҳои зиёде овардан мумкин аст. Одамони ношинос дар Душанбе вақте фаҳмиданд, ки ман аз Русия омадаам, борҳо аз кору бор ва хатсайрҳои худ раҳо шуда, маро гирд мегирифтанд ва нисбат ба Русия барои дӯстии дерина дар ҳолатҳои душвор ва мушкил изҳори сипос менамуданд; тоҷикон мудом кӯшиш менамуданд, ки маро бо таомҳои миллӣ меҳмондорӣ кунанд ва меҳрубонию омодагии кумак зоҳир менамуданд.
Муносибати аз ҳама барҷаста нисбат ба сайёҳон ин аст, ки мардуми Тоҷикистон, тоҷирон, дар маҷмӯъ, ба меҳмонон мол ва хизматрасониро бо нархҳои дучанда ё сечанда гарон, ки ин дар бисёр кишварҳои дунё қабул шудааст, пешкаш намекунанд. Чунин муносибат нисбат ба меҳмонон эҳсоси бовар ба кишварро зуд ба бор овард ва ман дар Тоҷикистон қисме аз роҳро бепул бо мошинҳои роҳгузар тай намуда, бори дигар аз меҳрубонии аҳолӣ ба ҳайрат афтодам. Ронандагон омода буданд, ки самти роҳи худро тағйир дода, маро ба нуқтаҳои дурдасти Тоҷикистон бубаранд, то ки тамоми зебоии кӯҳҳо ва кӯлҳои баландро нишон диҳанд. Ин бисёр гуворо буд.
Шубҳа надорам, ки ин ҳама аз доштани таърихи қадимаву бой ва пайравӣ ба анъанаҳоест, ки мардуми Тоҷикистон дар кишвари Шумо тавонистанд ҳифз кунанд. Русия дар ин маврид бояд аз Тоҷикистон биомӯзад.
Дар осорхонаҳо ва аз шаҳрвандони одӣ банда барои худ ба таври муфассал доир ба таърихи қадимаи тоисломии Тоҷикистон, давлатдории суғдиён ва даврони шӯравӣ маълумот гирифтам.
Бо мақсади таҳкими дӯстии халқҳо ман, аллакай, ба вазири маорифи Федератсияи Русия О. Ю. Василева бо пешниҳоди омӯхтани имконияти афзоиши шумораи соатҳои дарсӣ дар барномаҳои таълимии макотиби Русия барои омӯзиши таърихи Тоҷикистон, чун дигар ҳамсоякишварҳои тамаддуни АвруОсиё, нома ирсол доштам. Бо рӯҳбаландии беандоза ба рушди лоиҳаҳои гуманитарӣ миёни Русия ва Тоҷикистон, ки дар доираи онҳо муаллимон аз Русия дар Тоҷикистон рафта, фаъолият мекунанд, менигарам. Хушҳолам, ки фаъолияти ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ ба ҳамкории наздики давлатҳоямон мусоидат мекунад.
Ташаккури зиёд ва самимона ба Шумо барои яке аз кишварҳои беҳтарини сайёра - Тоҷикистон!».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.09.2018 №: 177-178 Мутолиа карданд: 1120