барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА ПРЕЗИДЕНТИ ТОЗАИНТИХОБИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН ОРИФ РАҲМОН АЛВӢ
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Раҳмон Алвӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар иртибот ба интихоб гардиданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон сарфарозам ба Шумо табрикоту таманниёти неки хешро бифиристам.
Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комилу саодат ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиву дастовардҳои навин орзумандам.
Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамёрии васеъ бо кишвари Шумо қаноатмандем ва ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари некбинона дорем.
Изҳори итминон менамоям, ки тавассути кӯшишҳои якҷоя сатҳи равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои мо ба нафъи мардумонамон ба зинаҳои боз ҳам баландтар бардошта хоҳанд шуд».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.09.2018 №: 177-178 Мутолиа карданд: 4449