туризм
ДУШАНБЕ – ШАҲРИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ!
Душанбе узви Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) гардид
Иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 самари тоза бор овард. Дар саммити навбатии Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ, ки 7 - 9 сентябри соли равон дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, шаҳри Душанбе ба узвияти ин созмони бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд. Дар ин ҳамоиш ҳифзи ҳуқуқу амният, рушду шукуфоӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, сабзу хуррамии хиёбону боғу гулгаштҳо, меъмории хоси миллию замонавӣ, табиати дилфиреб, иқлими муътадил, инфрасохтори муносиб, анвои хизматрасониҳои сатҳи байналмилалӣ ва бартариятҳои дигари шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарони федератсия, намояндагони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, як қатор шаҳрҳои аъзои WTCF, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносону олимони соҳа баҳои баланд гирифт.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамоиши WTCF Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат намояндагӣ намуд. Шаҳодатномаи узвияти шаҳри Душанбе ба Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ дар маросими тантанавӣ супурда шуд.
Воқеан, ҳақиқати бебаҳс аст, ки Душанбе, бавижа тайи ду соли охир, симои худро ба куллӣ дигар кард, ҳусни тоза гирифт. Иморатҳои зебою муосири замонавӣ, боғу гулгаштҳои нав, марказҳои фароғатӣ ва иншооти мавриди таваҷҷуҳи хоси сайёҳон бунёд гардиданд, кӯчаю хиёбонҳо ва аксари роҳҳои марказӣ мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ таъмиру навсозӣ шуданд, дар маркази шаҳр роҳи муосири сесатҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Терминалҳои хизматрасонӣ, истгоҳҳои замонавӣ, автобусу троллейбус ва таксиҳои нав ба шаҳр ҳусни тоза бахшиданд ва сатҳи хизматрасонии нақлиётиро хеле беҳтар намуданд.
Узви Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ гардидани Душанбе шаҳодати равшани эътирофи маҷмӯи бартариятҳои сайёҳии пойтахти тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист. Узвияти Душанбе ба ин созмон, роҳандозии ҳамкориҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ ҷиҳати муаррифии бештари иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ташкили намоишҳои сайёҳӣ ва чорабиниҳои дигари соҳавӣ, ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори туристӣ, гузарондани таҳлилҳои маркетингӣ, ширкат дар ҳамоишҳои омӯзишию машваратӣ, табодули таҷриба, ҳалли мушкилоти соҳа ва масъалаҳои дигари сайёҳӣ имконоти фарох фароҳам меоварад.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.09.2018 №: 181 Мутолиа карданд: 1129