ҳуқуқ
АЛИМЕНТ. САРКАШӢ АЗ ПАРДОХТ ҶИНОЯТ АСТ
Суди ноҳияи Рашт Амонҷон Ҳусейнов, сокини ҳамин ноҳияро бинобар сари вақт пардохт накардани алименти фарзандонаш дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор донист.
Ба иттилои Абдулҳаким Холиқзода, судяи суди ноҳия, айбдоршаванда Амонҷон Ҳусейнов соҳиби се фарзанд буда, қабл аз ин бо сабаби насупурдани алимент бо ҳукми суд ба муҳлати 6 моҳ ҳабс шудааст. Айбдоршаванда бори дуюм бо ҷабрдида Шарифамо Гулмирзоева 28 сентябри соли 2012 хонадор шуда, ҳамчун зану шавҳари қонунӣ бо пеш бурдани хоҷагии умумӣ зиндагӣ намуда, соҳиби ду фарзанд гардидаанд. Сипас, муносибати оилавиашон вайрон шуда, моҳи августи соли 2016 аз ҳам ҷудо мешаванд.
Дар асоси ҳалномаи суд аз 21 ноябри соли 2016 бояд аз ҳисоби судшаванда Амонҷон Ҳусейнов ба фоидаи ҷабрдида Шарифамо Гулмирзоева барои нигоҳубини ду фарзандаш ҳар моҳ ба тариқи устувор ба андозаи 120 сомонӣ барои ҳар як фарзанд, ҷамъ ба маблағи 240 сомонӣ то ба балоғат расидани кӯдакон алимент рӯёнда шавад.
Тибқи ҳалномаи мазкур судшаванда уҳдадор аст, ки ҳар моҳ алименти муайяннамудаи судро супурад. Аммо, ӯ аз иҷрои ҳалномаи суд саркашӣ намуда, бидуни сабабҳои узрнок бештар аз 16 моҳ алименти пешбинишударо пардохт накардааст, ки ин маблағ 3840 сомониро ташкил медиҳад.
Суд масъалаи ситондани зарари расондаро муҳокима карда, муайян кард, ки аз ҳисоби судшаванда Амонҷон Ҳусейнов ба фоидаи ҷабрдида Шарифамо Гулмирзоева ба андозаи 3840 сомонӣ зарари расондашуда, ки то ҳол 2710 сомонӣ барқарор нашудааст, ситонда шавад. Ҳамчунин, бо ҳукми суд Амонҷон Ҳусейнов бо дастраси моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 сол бо нигоҳ доштан дар калонияҳои ислоҳи дорои низомаш сахт таъйин карда шуд.
Худодод ЗАЙНИДДИН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.09.2018 №: 184 Мутолиа карданд: 1102