logo

ҳуқуқ

ИДМ. ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ АДЛИЯ ДАР ТОҶИКИСТОН

18 сентябр дар Кохи «Малика» - и ноҳияи Варзоб  ҷаласаи  сездаҳуми  Шӯрои  вазирони   адлияи давлатҳо - иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ҷаласаи  мазкур дар доираи  татбиқи Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2018  таҳти роҳбарии раиси Шӯрои  вазирони  давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ - вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам доир гардид.

Дар ҷаласа вазирони адлияи  Тоҷикистон, Русия, Арманистон,  Беларус, Қирғизистон,  инчунин, ба ҳайси  намоянда вазирони адлияи Қазоқистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд.
Шоҳмурод Рустам, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар ҷаласа масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи истифодаи  технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар самти расондани хизматрасонии ҳуқуқӣ, танзими қонунгузории назорати ҷамъиятии фаъолияти мақомоти иҷрои  ҷазои  ҷиноятӣ дар давлатҳои ИДМ, фаъолият дар самти баландбардории фарҳанг, тафаккури ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар он мубодилаи   афкор   ва  таҷриба  сурат гирифт.
- Ҳамзамон, зимни ҷаласа натиҷаи кори шӯро баррасӣ гашта, нақшаи навро барои солҳои 2019 - 2023 тасдиқ намудем. Бо ин ҷаласа раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ ба охир расид ва ба ҷониби Беларус дода шуд, - иброз дошт Шоҳмурод Рустам.
Мавриди зикр аст, ки Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо - иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Қарори Шӯрои  сарони давлатҳои ИДМ «Дар бораи   Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ» аз 26 августи соли 2005 таъсис  дода шудааст. Қарор дар бораи   таъсиси шӯро аз ҷониби    панҷ давлат - Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон  ба тасвиб   расидааст.
Ваколатҳои асосии шӯро аз таҳияву  татбиқи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масоили марбут ба салоҳияти вазоратҳои адлия, мусоидат дар ҳамоҳангсозии қонунгузории  давлатҳо - иштирокчиёни ИДМ ва дигар масъалаҳо иборат мебошанд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.09.2018    №: 185    Мутолиа карданд: 897
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед