фармонҳои президент
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъйин ва озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Додихудозода Давлатмо Бахтибек бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
2. Усмонзода Шоғуфрон раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардида, аз вазифаи муовини якуми раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 18 сентябри соли 2018, № 1096
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.09.2018 №: 185 Мутолиа карданд: 1081