logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

Кӣ дасти киро гирад?
Падаре ба духтараш ба ҳангоми гузаштан аз болои пул мегӯяд:
- Дастамро бигир, духтарам, боз ба дарё наафтӣ.
Духтар мегӯяд:
- Не, падар. Шумо дасти маро бигиред.
Падар ҳайрон шуда мепурсад:
- Духтарам, чӣ фарқе дорад?
Духтар мегӯяд:
- Фарқи зиёде дорад. Агар ман дасти Шуморо бигираму биафтам, ман дастамро аз дастатон ҷудо карда метавонам. Аммо, агар Шумо дасти маро бигиред, яқинан, медонам, ки чун биафтам, дастатонро аз дастам ҷудо намекунед.
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА


СУД. ДАЪВОҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
Одамон аслан барои он ба суд муроҷиат мекунанд, ки ҳақиқат ва адолат тантана кунад. Ва ин як кори маъмулист. Аммо, вақте одамони одӣ ба суд муроҷиатҳои ғайриодӣ мекунанд, ин, воқеан ҳам, аҷиб аст.
Рубрикаи нави саҳифаи дӯстдоштании «Шоми шанбе» аз ҳамин хусус қисса мекунад. Бо мо бошед!


АЗ ХОБ ХЕЗОНДУ ДАР БАЛО МОНД
Дар Амрико волидони хонандаи 16 - солаи яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёна муаллимаеро, ки  фарзандашонро дар давоми дарс аз хоб бедор кардааст, айбдор дониста ба суд доданд. Аҷиб ин аст, ки суд муаллимаро дар ҳақиқат барои он ки хонандаро бо овози баланд аз хоб бедор кардааст, гунаҳкор дониста, маҳкум кард.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


МУНОҚИША ВА ИШҚ
Боре устод аз шогирдон пурсид:
- Чаро одамон ҳангоми ҷанҷол дод мезананд?
- Чунки оромиро аз даст медиҳанд, - гуфт нафаре.
- Охир, чӣ ҳоҷати дод гуфтан, агар одами дигар дар наздат бошад? – боз суол дод устод, - магар бо вай ором ҳарф задан мумкин нест?
Ҳар  шогирд   ҷавобе  гуфт, аммо  ҳеҷ  кадоме устодро қонеъ насохт. Ниҳоят худ фаҳмонд:
- Вақте одамон норозӣ аз якдигар муноқиша мекунанд, воқеан наздиканд ва метавонанд овози пасти якдигарро низ шунаванд. Вале, қалбҳояшон аз ҳам дур мешаванд. Барои ин масофаро паймудан ва якдигарро шунидан ба онҳо дод задан лозим меояд. Ва ҳар қадар сахттар ранҷанд, ҳамон андоза баландтар дод мегӯянд.
Ана барои ҳамин, вақти муноқиша нагузоред, ки дилҳоятон аз ҳам дур гарданд. Нагузоред рӯзе фаро расад, ки фосила ниҳоят калон шуда, роҳи бозгаштро наёбед.
Тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Мошинро нигоҳ надор, ки ҷарима мешавӣ!
Дар гармогармии мавсими истироҳатӣ кӯчаҳо ва майдонҳои ҷазираи курортии Капрӣ, ки ҷойи дӯстдоштаи сайёҳон аст, ба таваққуфгоҳи мошинҳо табдил меёфт ва истироҳаткунандагон наметавонистанд озодона сайру гашт намоянд. Вобаста ба ин бургомистр (шаҳрдор)  фармони басо аҷоиб содир кард: истодан манъ аст! Кадом ронандае, ки аз ду дақиқа зиёдтар мошинашро нигоҳ медошт, ҷаримаи ҳангуфт баста мешуд. Бургомистр гумон дошт, ки танҳо бо ҳамин роҳ метавон танбашавии мошинҳоро дар роҳҳои танги шаҳри куҳани Капрӣ пешгирӣ кард. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ба шарофати ин фармон сайёҳон имкон ёфтанд, ки бемалол аз ҷойҳои зебову хушманзара, гулгашту боғҳо ва таърихии шаҳр дидан намоянд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


4,5 САНТИМЕТР ДАРОЗИИ ЯК ҒИЖАК
Коргари роҳи оҳани Венгрия Ҷоззеф Зиного чунин ғижаке сохтааст, ки дар ҷаҳон назир надорад. Дарозии он 4,5 сантиметр ва бараш 2,5 сантиметр мебошад.
Ҳоло ӯ нафареро мекобад, ки ин асбоби мусиқии ғайриодиро навохта тавонад.
Таҳияи Аъзам МӮСОЕВ 


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Муаммокалима
Дар шумораи навбатии «ИНТЕЛЛЕКТ» ба муштариёни рӯзнома муаммокалимаҳо манзур мегарданд.  Аз ду ва зиёда калимаҳои пешниҳодшаванда калимаи нав тартиб дода шавад, ғолибиятро ба даст оред.

Кофар + Шутур =
Огаҳ + Нон =
Кам + Оҳан =
Ахбор + Тана =
Кан + Саг + Оҳ =
Ҳаво+ Мор =
Кушк + Илм + Шуо =
Нок + Шал + Кам =
Руҳ + Хос + Мор =
Толиб + Ва + Мо =
Мураттиб Ҳикматулло Тошев,
сокини ноҳияи Кӯшониён
Масъули рубрика Зулола Бобораҷабова


ИНТИЗОРИИ БАДТАР АЗ МАРГ
Боре дар театр Россини, ки аз ҳунарнамоии қаҳрамони асосӣ ғайриодат ниҳоят асабонӣ шуда буд, дар гӯши ҳамсояаш пичиррос мезанад:
- Ҳеҷ интизор набудам, ки дар саҳна то ин дараҷа фач бозидани нақш имконпазир бошад. Дар умрам чунин ҳунарнамоии ғайрикасбии тоқатфарсоро бори аввал мебинам…
- Шояд, беҳтараш шумо ба хона меравед?- пешниҳод мекунад ҳамсоя.
- Ҳаргиз. Аз рӯи маълумоти ман дар қисми сеюм қаҳрамондухтар бояд ӯро буғӣ карда кушад. Ҳамон лаҳзаро мехоҳам интизор шавам,- мегӯяд Россини.
Аз русӣ тарҷумаи
М. ОДИНАЕВА


ГУЛҲО. СИННУ СОЛ ВА НАРХИ ХУДРО ДОРАНД
Дар Олмон аз ҳама гули қадимаи садбарг мерӯяд, ки 1000 сол пеш шинонда шудааст.
* * *
Аз ҳама гули калонтарин дар ҷаҳон-  Раффлезия Арнолди мебошад, ки вазнаш 11 килограмм ва қутри он 91 сантиметр буда, дар ҷазираи Суматраи Индонезия мерӯяд.
* * *
Дар нишебии кӯҳҳои Амрикои Ҷанубӣ рустании Пуйя Раймонда мерӯяд, ки дар 150 сол як бор баргҳояш кушода мешаванд. Баъд аз он гул мемирад.
* * *
Аз ҳама гули хурдтарин дар ҷаҳон ин Волфия мебошад, ки дарозиаш ҳамагӣ 1 миллиметр буда, паҳноияш 0,5 миллиметр мебошад.
* * *
Лола яке аз рустаниҳои зудкалоншаванда ба ҳисоб меравад. Дар як шабонарӯз он то 2 сантиметр қад мекашад.
* * *
Гули баландтарин Аморфофаллус Титанум мебошад, ки то 3 метр дарозӣ дорад. Он дар Индонезия мерӯяд.
* * *
Аз ҳама гули қиматтарин бо арзиши 5000 доллар гули Орхидеяи тиллоӣ муайян шудааст. Он дар 15 сол як бор гул мекунад. Ин гул дар Малайзия мерӯяд.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


5 ОДАМЕ, КИ БОРҲО АЗ МАРГ НАҶОТ ЁФТААСТ
2. Рой Салливан
Ҷангалбон Рой Салливани амрикоиро ҳангоми тундар барқ ҳафт маротиба задааст. Соли 1942 аввалин бор ба пойи  Рой Салливан барқ  зад ва бар асари он аз нохуни калони пояш маҳрум шуд.  Соли 1969 зарбаи  дуюми барқ абрувонашро  сӯзонда,  ӯро беҳуш намуд. Соли 1970 китфи вайро захмдор кард ва баъди ду соли ин воқеа мӯйҳои сари ӯ сӯхтанд.
Дигарбора барқи тундар соли 1973 кулоҳи Ройро пора кард ва худи ҳамон сол бори дигар мӯйҳояш сӯхта, худаш аз мошини боркашон сарозер афтод. Бори ҳафтум шикаму китфаш аз раъду барқ ҷароҳати вазнин бардошт, аммо бо вуҷуди ин ҳама, Рой Салливан 71 сол умр дид.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


БОЗИИ ОХИРИН БО МАРГ 
Масхарабоз ва ҳаҷвнигори машҳури бритонӣ Томми Купер ҳангоми пахши мустақими шоу - барномаи «Live from Her Majesty’s» пеши чашми миллионҳо тамошобин ногаҳон фавтид. Ин ҳодиса 15 апрели соли 1984 рух дод. Тамошобинон марги муфоҷои ҳунармандро қисме аз намоиш гумон карда,  тамошоро идома медиҳанд.
Дар рафти барнома Купер ба пушт меафтад ва баъдан аз ҳуш меравад. Баъд аз 40 сония ӯро аз саҳна берун бароварда, мехоҳанд ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд…
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


ОФТОБ.  5 ФАКТИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ИН СИТОРА
1. Вазни Офтоб ҳар сония 4 миллион тонна кам мешавад, ки бинобар ниҳоят бузург буданаш он қадар бисёр нест. Бо ин суръат дар 160 миллиард сол ҳамагӣ 1 дарсади вазнашро талаф медиҳад.
2. Агар фарз кунем, ки одам ба Офтоб фуруд омад, аз қувваи ҷозиба вазнаш дар муқоиса бо Замин 28 маротиба зиёд мешавад.
3. Дар сурати 40 дарсад афзудани дурахши Офтоб тамоми моеъҳои рӯи Замин бухор мегарданд. Олимон ҳадс мезананд, ки пас аз 1,1 миллиард сол Офтоб 10 дарсад дурахшонтар хоҳад шуд.
4. Кулли ҷирмҳои низоми офтобӣ, бавижа ҷирмҳои хурд тадриҷан ҷониби Офтоб кашида мешаванд. Дар ниҳоят, Офтоб, ки ҳазорсолаҳо ба Замин ҳаёт мебахшад, сайёраи моро низ фурӯ мебарад.
5. Нури Офтоб ба Замин дар муддати 8,3 дақиқа мерасад. Дар ин муддат он 149,6 миллион километрро тай мекунад.
Таҳияи Хуршеди  ҶОВИД


10 кишвари  сертамошобини  дунё
4. ЧИН
Ҷумҳурии  Мардумии  Чин бо санъати  меъмории  нотакрори хеш тавонист ба даҳгонаи беҳтарин ва сертамошобинтарин давлатҳои дунё шомил  гардад. Ҳамасола маблағи                   дастраснамудаи чиниҳо аз соҳаи туризм 250-260  миллиард  долларро  ташкил  медиҳад.
Чини муосир бо теъдоди хеле зиёди ёдгориҳои бостонӣ, урфу анъанаҳои аҷоиб ва шаҳрҳои бузургу мутараққии хеш садсолаҳо боз диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Девори бузурги Чин таърихи садҳазорсола  дошта, яке аз ҷойҳои диданибоби дунё эътироф гардидааст. Ин аст, ки ҳамасола зиёда  аз 60 миллион  сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз ин кишвари мутараққӣ ва афсонавӣ дидан мекунад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО 


СОАТИ ГВАРДИОЛА ЧӢ СИР ДОРАД? 
ВАО - и Британияи Кабир нархи соатҳои дастии сармураббиҳои Прем- ер - лигаи Англияро интишор кард. Хосеп Гвардиола, тренери дастаи «Манчестер Сити» бо соати Richard Mille RM 004 All Gray, ки 150 ҳазор фунт стерлинг (£) (1 848 777 сомонӣ) арзиш дорад, дар ҷойи аввал қарор гирифт.
Пас аз Гвардиола инҳо меоянд:
Рой Хоҷсон - «Кристал Пэлас»  (Hublot Big Bang Gold Ceramic, £25200);
Жозе Моурино - «Манчестер Юнайтед»  (Hublot, £15909);
Маурисио Почеттино -  «Тоттенхэм» (Aquatimer Chronograph, £7352);
Мауритсио Сарри - «Челси»   (Panerai Luminor Power Reserve, £6000); Юрген Клопп - «Ливерпул» (Aquatimer Chronograph ,£5500);
Эдди Хоу - «Борнмут» (Apple Watch, £329);
Дэвид Вагнер - «Хаддерсфилд» (Casio G-Shock Alarm Chronograph Watch, £100).
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ


ҲЕМИНГУЭЙ:
«ЭҶОДКОРӢ КОРИ САНГИН НЕСТ»
Эрнест Ҳемингуэй, ин нависандаи маъруфи оламро хонандаи тоҷик бо китоби машҳураш «Мӯйсафед ва баҳр» мешиносад. Ӯ дар асарҳояш бо донишу таҷрибаи бузурги адабӣ аз забони персонажҳо ва ё дар лаҳзаҳои ҷудогона гуфторҳои ҳикматомези зиёдеро навишта, дар кӯтоҳтарин гуфтаҳо маҷмӯи ғояҳои бузурги инсондӯстиву фалсафиро гунҷондааст.

1. Бо афзудани синну сол одамон доно намешаванд, танҳо эҳтиёткор мегарданд.
2. Хоксорӣ нанг нест ва аз ҳиммати баланд чизе кам намекунад.
3. Ҳеҷ кас набояд дар пирӣ танҳо бошад, аммо ин амр ногузир аст.
4. Чаро куҳансолон ин қадар барвақт бедор мешаванд? Магар барои он ки ақаллан ҳамин рӯзашонро дарозтар кунанд?!
5. Ҳарчанд ҷойи истиқоматро борҳо иваз мекунӣ,  аз худ фирор карда наметавонӣ.
6. Агар аз ягон фикр худро раҳо кардан хоҳӣ, онро бинавис.
7. Эҷодкорӣ кори сангин нест: пеши мошини чоп мешинию оғоз мекунӣ ба рехтани хуни дил.
8. Ҳама гуна тарс аз нокифоягии муҳаббат сар мезанад.
9. Имкони беҳтарин фаҳмидани садоқати дӯст, ба ӯ бовар кардан аст.
10. Моро фалак шикастҳо медиҳад, вале дар мавзеи шикастҳо қавитар аз дигаронем.
11. Ноумедӣ  аблаҳист  ва  ғайр аз ин, ба фикрам, гуноҳ ҳам ҳаст.
12. Ҷанг ҳар қадар зарур ва одилона бошад ҳам, ҳамеша ҷиноят алайҳи инсон аст.
13. Агар аз касе ё чизе озурда шудед, маълум мешавад, ки шумо нисбат ба он бепарво нестед.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2018    №: 186    Мутолиа карданд: 1238
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед