барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ
21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Хабари реҳлати бармаҳали Президенти Ҷумҳурии Сотсиалис-тии Ветнам Чан Дай Куанг боиси андуҳи мо гардид.
Бо фаъолияти фидокоронаи худ дар маснади олии Президенти кишвар ва дигар вазифаҳои давлатии муҳим Чан Дай Куанг соҳиби иззату эҳтироми ҳамватанонаш гашта, дар арсаи байналмилалӣ обрӯву эътибори баланд пайдо карда буд.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез ба ҳамаи пайвандону наздикони марҳум, ҳамчунин, ба Ҳукумат ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам таъзияи амиқ ва тасаллияти сидқии худро иброз менамоям».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.09.2018 №: 186 Мутолиа карданд: 4530