фарҳанг
ГУЛҲОИ АҶАМ
Ба кӯҳу саҳро менигарам. Менигараму кӯҳҳои гул дар бағалро мебинам. Мебинаму худ ба худ мегӯям:
«- Эй пирҳои гулпараст, эй роздонону розкушои ниёгони мо, чӣ хуш ки имрӯз шумо сарбаланду пуртамкин ва сарсафеду ҳазор ранг ва ҳазор оҳангро дар дилатон мебинам. Шумо аз азал зебоиро, оромиро ва ҳазор қиссаю достонро дар дил доштед, аз азал ба мардуми ориёинажод ҳамоҳангу ҳамсанг будед.
Шумо чӣ қадар ба мо зебоиро, зебоипарастиро омӯхтаед, шумо моро ба олами савту навоҳои диловезу гӯшнавоз пайвастаед.
Шумо будед, ки чашмаҳо оҳанги эҳёшавиро, покизагиро сароиданд. Ва дар гирду атрофи худ гулҳои рангоранг-ро ғун намуданду сабзаҳоро ба рақс кашиданд.
Шумо будед, ки рӯдҳо ғазали умеду орзуро хонданд ва пайғоми дили шуморо ба мо расонданд…
Шумо будед, ки…».
Суханам дар даҳонам монд. Абрҳои сиёҳ шуморо пӯшонданд, раъду барқ нола кард, шарора зад. Борон шиддат ёфт. Оламу одамро саропо тар кард.
Кӯҳҳо дигар ба чашмам наменамуд. Гулу гиёҳҳо дар зери шохборон монданд. Сел омад…
Таърих варақгардон шуд. Хаёл кардам, ки аҷнабиён боз бар сарзамини мо лашкар мекашанд, мехоҳанд зебои-ро, сарзамини сабзу хуррамро зеру забар кунанд…
Кӯҳҳо шоҳиданд…
Кӯҳи Муғ паноҳгоҳи суғдиён шуд…
Пас аз ҳазорсолаҳо санаду гувоҳномаҳоро ба мо ифшо сохт. Баробари дастхатҳои дар пӯст навишта, аз кӯҳи Муғ 150 намуди матоъ пайдо шуд, ки 44 - тои онҳо аз абрешим бофта шудааст.
Дар он матоъҳо гулҳои рангоранг ва нақшу нигорҳои назаргир намудор буданд…
Аз ҳунари мардумони ориёинажод ҳама халқҳои дигар дар ҳайрат буданд.
Табиат ба онҳо ақли тезу табъи нозукро арзонӣ дода буд.
Онҳо табиатро бо ранги дигар, бо чашми ақл медиданд.
Акси табиат, зебоии он дар чашму дили онҳо ранги дигар мегирифт, ба дигар оҳанг рӯ мезад.
Сарзамини гулу раёҳин ва озодагон бо ҳафт ранг ҷило медод.
Гулҳо дар матоъҳо мерустанд, акс мешуданд.
Ҳанӯз зиёда аз 4000 ҳазор сол муқаддам ниёгони мо абрешимро истеҳсол намуда буданд, ки бо рангҳояш, нақшу нигорҳояш, бо нафисию ҳаририҳояш ҳаваси оламиёнро рабуда буд.
Яке аз матоъҳои оламгир, оламписанд гардидани матои абрешимӣ «Роҳи абрешим» - ро кушод. Гардиши таърихро бубинед, ки ин роҳ ба тарзи дигар боз кушода шуда.
Рангҳои мардони ориёӣ ҳазор маъно, ҳазор нуру зиё доштанд.
Сабаби ба миён омадани атлас ҳам ҳамин мардони ориёнажод аст.
«Дар ороиши атлас ҳафт ранг истифода мешавад ва ин ҳафт ранг аз маъмултарин рангҳои нигоришоти ниёгони мост» - менигоранд дар тадқиқотҳои хеш бостоншиносон.
Вобаста ба ин қайд кардан зарур аст, ки назар ба тасаввуроти нуҷумшиносони пешинаи мо коинот иборат аз 7 сайёра: Кайвон, Офтоб, Моҳ, Миррих, Уторид, Муштарӣ ва Зуҳра буда, ҳафт рӯзи ҳафта низ дар асоси ҳамин эътиқод муайян карда шудааст ва ҳар як рӯз ранги алоҳида дошта, дорои хосияти гуногунанд.
Ҷумъа – сафед, шанбе – сиёҳ, якшанбе – зард, душанбе – сабз, сешанбе – сурх, чоршанбе – кабуд, панҷшанбе – сандалӣ (яъне сурху сафед).
Ҳафт ранг… Ба саҳро менигарам, тиру камон бо ҳафт ранг ҷило медиҳад. Баъди борон саҳрои сабзу гулпӯш аз матоъҳои Суғду Бохтар ба мо ҳикоят мекунад.
Ҳафт ранг… Гули Наврӯз ва ё сияҳгӯш ҳам аз ҳафт ранг иборат аст. Он пайғоми баҳорро меоварад бо ҳафт ранг, бо ҳафт оҳанг. Ва халқ беҳуда нагуфта:
Гули сияҳгӯш ҳафтранг аст,
Хӯроки кабки дилтанг аст,
Ба рӯяш доимо ҷанг аст,
Баҳори нав муборак бод!
Ин гул қосиди баҳор аст, иди Наврӯз аст.
Ҳафт ранг мегӯему қасри Баҳроми Гӯрро, ки Низомии Ганҷавӣ тасвир кардааст, пеши назарҳо меояд. Вобаста ба 7 гунбад ва 7 рӯз бо 7 ранг оро ёфтани қаср хеле аҷиб аст…
Вобаста ба 7 ранг боз гули зебои дигар вуҷуд дорад, ки мардуми мо онро атласӣ мегӯянд. Лек дар Афғонистон гули патунӣ ном гирифта мешавад.
Ин гул рангҳои сафед, гулобӣ, сурх, арғувонӣ ва бунафш дорад.
Бубинед, матои атласи ҳафтранг аз куҷо сарчашма мегирад. Атласҳои «Шому саҳар» ва ё дар «Ғиёс - ул - луғот» «Шаб андар рӯз» зикр шуда, «Барги карам», «Меҳроб», «Шоҳсабз», «Шоҳкаппа», «Атласи сиёҳ» ва ғайра ҳама аз ин ё он гул, ранги он гирифта шудааст.
Баробари ба ин ё он давлат паҳн шудани матоъҳои мо, гӯё табиати мо, гулҳои диёри мо ҳам ба он ҷойҳо мерафт ва ҳушу ёди он мардумонро мерабуд.
Дар осорхонаҳои Аврупо матоъҳои абрешимие нигоҳдорӣ мешаванд, ки нишони ҳунари бофандагони Суғду Бохтаранд.
Аз рӯи матоъҳои абрешимие, ки дар осорхонаи Юн-и Белград ва дигар осорхонаҳои Аврупо маҳфузанд, матоъшиноси маъруф Шепард хусусиятҳои хосси онҳоро тадқиқ карда, ҳиссаи мардуми Суғду Бохтарро ҷудо кардааст.
Онҳо ҳам аз ҳисоби ранг… Муқаррар шудааст, ки рангҳои аввалаи ин матоъҳои абрешимин – сабзи равшан, нилобӣ, гулобӣ, зард ва сафед будаанд.
Ҳамаи ин гувоҳ аз он аст, ки табиати зебо, дилрабо ва гӯёи мо дилҳоро ба шӯру шавқ оварда, моро зебобину зебопараст ва эҳёгар намудааст.
Ба саҳро менигараму мегӯям: « - Эй дашту дамани рангомез, ту сабаб шуда, ки аз ҳар гулу гиёҳат ҳазор ранг, ҳазор навъ матоъ, ҳазор акси гӯёю дилрабо тавлид ёфта…».
Ту огаҳӣ аз гузаштаи дури ман, аз он мардону занони озодандешу озоднишин.
Ту ҳикоятгарӣ аз он даврон, аз он ҳафтрангу аз он савту навои ниёгон. Имрӯз ман чашм ба ту медӯзаму диёри хешро матоъи атлас ба бар, чаканпӯшу нур ба сар мебинам…».
Кӯҳҳои хомӯшу дашту даманҳои гулпӯш ва сабзапӯш маро ба сайри зебоиҳо, гулистони дилрабо мебаранд…
Худ ба худ мегӯям:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги Аржанги моно гирифт,
Магар чашми Маҷнун ба абр андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.
Гулҳои Аҷам имрӯз дар рӯйи матоъҳо, дар дили таърих, дар ёду хаёли мардони ҳунарманду ҳунаркеш руста, ранги нав пайдо карда, аз он рӯзҳои таърихӣ моро ба оянда нигарон мекунанд, то бигӯем:
Гирифт аз моҳи фарвардин ҷаҳон фар,
Чу фирдавси барин шуд ҳафт кишвар.
Шаҳобиддин ҲАҚНАЗАРОВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.09.2018 №: 187 Мутолиа карданд: 1039