маориф
ДОНИШГОҲИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. ИМКОНИЯТИ НАВИ ТАРБИЯИ КАДРИ МУОСИР
Бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳои судманд миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар остонаи Ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳадафи асосии шартнома, тавре дар он таъкид шудааст, омода намудани мутахассисони соҳибкасби дорои таҳсилоти олӣ ва дар бозори меҳнатии дохилӣ ва хориҷӣ рақобатпазир, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, баланд бардоштани сифати таълим, инчунин ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ дар муассисаҳои таълимии равияи гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ мебошад.
Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, дар маросими ба имзо расидани созишномаи ҳамкорӣ зикр намуд, ки Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки таъсиси он ба сиёсати дурбинонаи дарҳои кушодаи Ҳукумати кишвар марбут аст, дар омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, ки ба рушди кишварҳои худ ва минтақа мусоидат мекунанд, нақши муҳимеро иҷро хоҳад кард. Доктор Шамс Қосим Лакха, раиси Шӯрои парасторони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, бо хушнудӣ баён дошт, ки донишгоҳ бо кумаки ҳукуматҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ва донишгоҳҳои шарик дар Австралия, Канада, Аврупо ва Русия ба тариқи таҳқиқот ва омӯзиши донишҷӯёни боистеъдоди Тоҷикистон ва кишваҳои дигари Осиёи Марказӣ нақши худро дар рушди минтақа густариш медиҳад.
Мактаби илмҳои инсонӣ ва дақиқи кампуси нави Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ ба донишҷӯён имконияти хуберо фароҳам меоварад, ки бо ҳамсолони худ аз ду кишвари муассис - Қирғизистон ва Қазоқистон, ҳамчунин кишварҳои ҳамсоя ба мушкилоти хос ба митақаҳои кӯҳистони онҳо расидагӣ кунанд. Ин мушкилиҳо таъсири тағйирёбии иқлим, намунаҳои нави рушди иқтисодӣ ва имкониятҳои наву озмудашударо дар бар мегиранд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.09.2018 №: 187 Мутолиа карданд: 1031