мулоқотҳо
Дар Тоҷикистон истихроҷи тилло вусъат мегирад
18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло дар конҳои сершумори мамлакат машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ Матлубхон Давлатов, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, сардори Саридораи геология Азим Иброҳим ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.
Сардори Саридораи геология Азим Иброҳим оид ба рафти корҳо дар ин самт иттилоъ дода, таваҷҷӯҳи асосиро ба кони тиллои Шахбаси майдони маъдандори Мосриф ҷалб намуд. Чунонки маълум шуд, ин кон дар масофаи 12 км дуртар аз кони мавҷудаи Тарор дар ҳудуди шаҳри Панҷакент қарор дошта, захираи тилло дар 4 қитъаи он мутобиқи корҳои иктишофӣ- геологӣ зиёда аз 75 тоннаро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои ҷустуҷӯӣ – иктишофӣ дар ин кон ҳанӯз соли 1985 оғоз ёфта, аз соли 2007 ин ҷониб вусъат ёфтаанд.
Бо назардошти рӯйизаминӣ будани кон ва нархи баланди тилло дар бозори ҷаҳонӣ, ки ба 35 доллари амрикоӣ баробар шудааст, истихроҷи маъдан дар ин ҷо аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар маънидод гардид.
Майдони маъдандори Мосриф ҳамчунин бо назардошти вуҷуди конҳои дигари тилло - Ғиждарва, Бодгоҳ, Очакуруд ва ғайра дорои ояндаи умедбахш арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки ин мавзеъро чун конҳои алоҳидаи мустақил ба сармоягузорон пешниҳод кардан мумкин аст. Аз ин хотир бунёди корхонаи нави истихроҷи тилло дар ин мавзеъ мувофиқи матлаб дониста шуд.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сардори Саридораи геология дастур дод, ки корҳои ҷустуҷӯӣ – иктишофиро дар ин ва дигар конҳои мамлакат вусъат бахшанд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор шуд, ки санадҳои заруриро барои эълон намудани озмун баҳри истихроҷи тилло дар кони Шахбас омода ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2119