logo

маориф

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. АВЛАВИЯТ БА МАОРИФ

Дар ноҳия 6 муассисаи томактабӣ  фаъолият дошта, 451 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст, ки нисбати соли хониши гузашта   140 нафар зиёд мебошад. Аз 20 нафар мураббӣ 15 нафар бо маълумоти олии касбӣ, 3 нафар бо маълумоти олии нопурра ва 2 нафар бо маълумоти миёнаи махсус аст.
Дар арафаи таҷлили иди Наврӯз ду муассисаи томактабӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ба номи М. Вайсов барои 120 нафар кӯдакон ба истифода дода шуд. Ҷиҳати қонеъ намудани талабот ба таҳсилоти томактабӣ дар ноҳия 40 маркази инкишофи кӯдак таъсис ёфт, ки 816 нафар кӯдакро  ба таҳсил фаро мегиранд.
Дар ноҳия 72 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 1 гимназия, 62 муассисаи таҳсилоти миёна, 5 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 интернати хонандагони лаёқатманд, 6 муассисаи томактабӣ, 40 маркази инкишофи кӯдакон фаъолият мекунад, ки аз ин 32 муассиса дар бинои замонавӣ ҷойгиранд. Дар соли хониши гузашта 9 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти  ноҳия  ба  гирифтани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардиданд. Ғолибони озмунҳои «Хонандаи сол» «Омӯзгори беҳтарин», «Мактаби беҳтарин», «Директори беҳтарин» бо мукофотҳо сарфароз шуданд.
Дар муассисаҳои умумӣ 45978 хонанда, аз ҷумла 22015 нафараш  духтарон таҳсил менамоянд. Илова бар ин, дар қатори кӯдакони солим 38 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд низ таҳсил доранд.
Ҷиҳати интихоби дурусти касб аз ҷониби хонандагон як қатор корҳои судманд роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 21 синфхонаи технологияи касб барои писарон, 17 синфхонаи технологияи касб барои духтарон, 3 синфхонаи санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ, 3 синфхонаи мусиқӣ ва суруд амал мекунад.
Азхудкунии барномаҳои таълимӣ аз ҷониби  хонандагон ва сифати таҳсилот  дар муассисаҳои таълимӣ сол ба сол беҳтар мегардад.
Имсол синфи 11 - ро 3 197 нафар, аз ҷумла 1422 нафар духтар бомуваффақият хатм намуд. 780 нафари онҳо, аз ҷумла 147 нафар духтар ба  муассисаҳои  таҳсилоти  олии касбӣ, 64 нафар ба хориҷи кишвар, 287 нафар ба муассисаҳои  таҳсилоти  миёнаи  касбӣ  ва курсҳои кӯтоҳмуддат, 20 нафар, аз ҷумла 10 нафар духтарон тибқи Квотаи президентӣ  донишҷӯ гардиданд.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои омӯзиши технологияи иттилоотӣ 58 синфхонаи копютерӣ мавҷуд мебошад. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба 1300 компютер, 222 принтер, 45 нусхабарор, 19 дискҳои электронӣ, 26 диапроектор таъмин карда шудаанд, ки 106 дарсад иҷрои барномаро ташкил намуда, ба 15 нафар хонанда як компютер рост  меояд.
Соли 2018 сохтмони муассисаҳои  таълимии  рақамҳои 17, 47, 51, 52, 56 ба нақша гирифта шуда, сохтмони муассисаҳои  таълимии рақамҳои 2, 51 ва 52 аллакай оғоз гардидааст.
Саймурод ОДИНАЕВ, мушовири шуъбаи маорифи
ноҳияи Восеъ


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2018    №: 188    Мутолиа карданд: 1208
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед