номаҳо
МЕЪМОРӢ.ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ
Меъморӣ санъати хосса мебошад ва косибони (соҳибкасбон) - и худро дорад. Аз меъморони машҳури ҷаҳонӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо иморатҳои то имрӯз устувору побарҷо ёдгор мондаанд. Бузургони илму адаб гуфтаанд, ки номи подшоҳон фақат ба ду чиз пойдор мемонад: ба адл ва иморат.
Мутаассифона, дар мо расм шудааст, ки ба одамон қитъаи замин ҷудо мекунанду ҳар кас бо фаҳми меъмории худ ва бо шароиту иқтидори дар ихтиёр доштааш аз гилу коҳу чӯби дарахтони маҳаллӣ бино бунёд мекунад, ки ин ба тақозои замони муосир ҷавобгӯ нест. Замин, модари модарону падарон аст ва бо ин модарбузург мебояд эҳтиромона рафтор намоем. Месазад, ки масъулону мутахассисони соҳа дар ҳамкорӣ бо олимон, такя ба илми муосир як барномаи густурдае тартиб диҳанд ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бунёд намудани иморатҳои ҷавобгӯ ба талабот роҳандозӣ шавад.
Пеш аз ҳама бо назардошти он ки 93 дарсади мамлакати моро кӯҳҳо ташкил мекунанд, аз ин рӯ, бояд дар мавзеъҳои кӯҳӣ биноҳои замонавии серошёна бисозем. Дар ин маврид ғунҷоиши аҳолӣ дар кишвар ба низоми муайян медарояду заминҳои ҳамвору корам сарфа мешаванд. Ба замми ин, кӯҳистони кишварамон ободу зебо ва ба шаҳракҳову бӯстонҳо мубаддал мегардад. Ҳоло шумораи аҳолии кишвар ба нуҳ миллион расидааст. Табиист, ки аҳолӣ боз ҳам меафзояд ва моро месазад ояндаи дури ҷомеаро имрӯз тарҳрезӣ намоем.
Раҳмат ШЕРАЛИЕВ,
омӯзгор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.09.2018 №: 188 Мутолиа карданд: 1159