logo

фарҳанг

ИҚДОМИ ШОИСТА

Соли 2018 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки барои пешрафти ду самти ба ҳам алоқаманд  - соҳаи сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ, заминаи мусоид ба вуҷуд овард.
Дар ин муддат кишвар ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гашт. Аз ҷумла, даҳҳо иншооти сайёҳӣ ва инфрасохтори зарурӣ ба истифода дода шуданд,  хатсайрҳои нави сайёҳӣ боз гардиданд, ҳунарҳои мардумӣ ривоҷу равнақи тоза гирифтанд ва бисёр навъҳои ҳунарҳои фаромӯшшуда аз нав эҳё шуданд.
Дар партави  ин  ташаббуси наҷиби Пешвои муаззами миллат, Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент озмун эълон намуд, ки шоистаи тавсифу ситоиш ва пайравист.
Шаҳри бостонии Панҷакент дар ин росто аз аҳамияти хеле муҳим бархӯрдор буда, сайёҳони хориҷӣ боздиди худро дар кишвари мо аз ин шаҳри қадима, махсусан аз Саразми бостонӣ, оғоз менамоянд, ки соли 2020 бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат 5500 - солагии он ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ба таври васеъ таҷлил карда мешавад.
Аз ин хотир, ҷамъбасти озмуни рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар шаҳри Панҷакент бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр басо рамзӣ буда, дар татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми шоиста ва саривақтӣ ба ҳисоб меравад.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо баргузор намудани озмунҳои гуногун дар таблиғу ташвиқи фарҳанги пурғановати халқи тоҷик саҳми назаррас дорад. Озмуне, ки 22 сентябр дар толори пуршукӯҳи Маҷмаи фарҳангӣ - фароғатии «Кохи Лоиқ» ҷамъбаст гардид, яке аз чунин чорабиниҳои ин рӯзномаи миллӣ мебошад, ки дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида буд. Озмун аз 20 апрел то 10 сентябри соли 2018 идома ёфта, дар он нависандагон, олимон, шоирон ва рӯзноманигорони маъруф ширкат варзиданд. Натиҷаҳои матолиби нашршуда аз ҷониби идораи рӯзнома ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд ва муайян гардид, ки таъсисдиҳандагони озмун  ба ҳадафҳои худ ноил гаштаанд.
Аҳамияти матолиби чопшуда, қабл аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки дар онҳо имкониятҳои фаровони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таблиғу тарғиб шуда, аз ин тариқ рӯзномаи «Ҷумҳурият» нақши арзандаи худро дар бобати амалӣ намудани сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти мазкур гузошта истодааст.
Масрур АБДУЛЛОЗОДА, мушовири бахши Ёрдамчии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеа


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2018    №: 188    Мутолиа карданд: 923
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед