logo

фарҳанг

ОДАМИЯТ АЗ НАЗАРИ УСТОД РӮДАКӢ

Адабиёт ва фарҳанги тоҷик марҳилаҳои мухталифи такомулро тай намуда, дастовардҳои бузурги маданиву маънавиро соҳиб шудааст. Аксари муҳаққиқон дар заминаи омӯзиш ва таҳқиқи мероси фарҳангиву адабии мардуми тоҷик ба натиҷае расидаанд, ки замони салтанати Сомониён давраи шукӯҳманди тамаддуну фарҳанги халқи тоҷик аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Чеҳраҳои мондагор” нигоштаанд:  “Давлати Сомониён тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар мамлакат оромиву суботро  пойдор сохта, дар баробари ба вуҷуд овардани сохтори муназзами идораи давлатӣ, инчунин густариши фарҳанги бузурги миллии мардуми ориёинажодро таъмин намояд”.
Дар саргаҳи ин адабиёти муҳташам нахустшоири ҳамаи давру замонҳо устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ қарор дорад. “Устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адбиёти тоҷику форс, одам - уш - шуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолиятхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад”.
Эҷодиёти устод Рӯдакӣ фарогири панду андарз ва ақоиди ахлоқист. Ба ақидаи Рӯдакӣ инсон бояд ҳамеша ба роҳи рост равад. Ин ақида дар китоби муқаддаси “Авесто” ҷой дошта, бо суханони “Роҳ якест ва он роҳи ростист, ҳама дигар роҳҳо бероҳа аст” хатм мешавад.
Дар ҳикматҳои шоир фалсафаи зиндагӣ, моҳияту маънои ҳаёт, шодиву ғами рӯзгор, сабру таҳаммул, устуворӣ, саховату накӯкорӣ  ва ғайра мавриди баррасӣ қарор ёфтаанд. Ӯ талқин мекунад:
Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,
Шӯрбахт он, ки надоду нахӯрд.
 
Ба андешаи султони шоирон, ростӣ асоси адлу инсоф аст ва он ба мисоли  иёрест, ки баробариро таъмин месозад. Касе, ки росткор аст, ӯро шодиву хуррамӣ ва бақову ҷовидонӣ ёр бошад:
Ҳар, к-ӯ биравад рост, нишастаст ба шодӣ,
В-он, к-ӯ наравад рост, ҳаме мурда, ҳаме ди-ш.
Ва дар ҷои дигар омадааст:
Роҳи осону рост бигзин, эй дӯст,
Дур шав аз роҳи беканораву тарфанҷ.

Ба ақидаи шоир,  инсони комил бояд нафс, ҳирсу ғазабро ҳамеша зери тасарруфи ақл нигоҳ дорад. Одамияти худро дар муносибат ба муҳтоҷон, бекасу бечорагон зоҳир намояд:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Мояи ақидаю афкори тарбиявии Рӯдакӣ ситоиши ҳикмат, одамият, раъиятпарварӣ, башардӯстӣ буда, илму дониш ва хирад ҷавҳари мардро аз садафи синааш берун мекашад:
Марди адабро хирад физояду ҳикмат,
Марди хирадро адаб физояду имон.
Бастаи гетӣ аз ӯ биёбад роҳат,
Хастаи гетӣ аз ӯ биёбад дармон.    
Пешвои миллат ин ва дигар хидматҳои шоири мутафаккирро дар адабу фарҳанги тоҷику форс сутуда гуфта буданд: “Хизматҳои таърихии устод Рӯдакӣ  боз  дар он аст, ки қадри суханро ба арши аъло расонда, мустақилияти адабиётро фароҳам овард ва адабиёти моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.  Шеъри Рӯдакӣ бо мазмуну муҳтавои олӣ ва арзишҳои башардӯстонаи худ аҳли башарро ба сулҳу рафоқат, дӯстиву адолат рӯзгори босаодат, озодандешӣ ва ҳамгироӣ даъват сохта, ҳамчун рамзи ваҳдати фарҳангӣ ба мардуми олам то кунун хизмат мерасонад”.
Кибриёхон АТОЕВА,
номзади илми филология,
Манзура САЙДУЛЛОЕВА,
номзади илми педагогика


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2018    №: 189    Мутолиа карданд: 1142
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед