номаҳо
ШУКРИ НЕЪМАТ
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми вохӯрӣ бо намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавассути оинаи нилгун дидаву шунида, аз меҳри зиёди мардуми одӣ ба Сарвари давлат ва самимияти Пешвои муаззамро ба халқ дида, ба доди Яздони пок шукргузорӣ намудам. Сулҳу амонии кишварро бо суботу оромиҳояш, ки дар ҳақиқат туҳфаи Худованд аст ва ба шарофати фарзанди бонангу ватандӯстдори ин Меҳану миллати азияткашида, ба даст омадааст, ҷовидонӣ мехоҳам.
Ҳангоми силсиланамоишҳои теле-визионӣ дида мешуд, ки Сарвари давлат ба ин минтақаи кишвар таваҷҷуҳи махсус дошта, бо тамоми ҳастӣ баҳри оромию осудагии мардуми он ва рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи манотиқи баландкӯҳ таваҷҷуҳи хосса доранд. Бунёди шаҳраку гулгаштҳо, биноҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, таъсиси донишгоҳу донишкадаҳо бо талаботи стандарти ҷаҳонӣ, сохтмони роҳу пулҳои дараҷаи олӣ, ба кор даровардани корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ ба ҳусни вилоят ҳусни дигар бахшида, пешрафти бемайлони онро таъмин намуда, бо баланд шудани сатҳи зиндагӣ мусоидат менамоянд. Дар 10 соли охир ин гӯшаи Тоҷикистони азиз бениҳоят пеш рафта, симои зоҳирии шаҳру шаҳракҳо ва маҳаллҳои аҳолинишин куллан тағйир ёфта, ба ҳусни зебои он ҳусни дигар бахшидаанд. Моро лозим аст, ки бо шукргузорӣ аз беҳтарин неъмат, яъне сулҳу оромии мулк фаъолият намуда, зиндагии шоиста ба сар бурда, ба ояндагон сарзамини ободу зебо ва пешрафтаро боқӣ гузорем.
Ҳабибулло ҚУРБОНОВ,
директори Гимназияи давлатии
Боғиҳабиб, ноҳияи Муъминобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.09.2018 №: 189 Мутолиа карданд: 1165