мулоқотҳо
ВОХӮРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ИГОР ДОДОН
27 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон мулоқот карданд.
Дар мулоқот вазъи феълии муносибатҳои ҳамкорӣ ва дурнамои он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Игор Додонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки мо ба рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишвари Молдова манфиатдорем.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, равобити кишварҳоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ карданд.
Аз вазъи имрӯзаи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо, мавқеи ҳамсони давлатҳо дар ҳалли як қатор мушкилоти минтақавию байналмилалӣ изҳори қаноат карда, барои таҳкими ҳамкорӣ, ҷоннок намудани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдоваро оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ зарур шумурданд.
Ба роҳ мондани равобити дуҷониба дар самти содироту воридоти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, аз ҷумла содироти меваи хушк ва асал ба Молдова, ҳамкорӣ дар бахши чорводорӣ, байторӣ, рустанипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, табодули таҷрибаи кишвари дӯст оид ба парвариши ангур, истифодаи технологияи муосир аз самтҳои муҳим маънидод карда шуданд.
Ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои алоқаи фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф ва дигар бахшҳои барои мардумон судманд, омодагии худро иброз доштанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.09.2018 №: 189 Мутолиа карданд: 976