logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ЧАШМИ  РАССОМ
Монэ, рассоми фаронсавӣ, ба Лондон омада, мусаввараи «Куништи Вест - минстер» - ро офарид. Дар он кунгураҳои куништ андаке аз абрҳо боло тасвир гардида буданд.
Сокинони шаҳр бо дидани мусаввара дар тааҷҷуб афтоданд, ранги абрҳоро, ки арғувонӣ диданд, на хокистарранг. Аввал барои ин эътироз баён карданд. Аммо, вақте ба хиёбонҳои Лондон баромаданду аз нав бо диққат ба абрҳо нигаристанд, онҳоро ҳамчунон  дарёфтанд, ки рассоми фаронсавӣ тасвир карда буд. Сабаби арғувонии абрҳоро низ пайдо намуданд. Тобиши сурхчатоб бо сабаби фаровонии дудҳо будааст. Ба ҷуз ин, хонаҳои сурхи хиштӣ ба ранги абрҳо таъсир доштаанд.
Пас аз ин мусаввара абрҳои Лондонро мардум ҳамон тавре медиданд, ки рассом дида буд. Яъне, агар ба чашми рассоми асилу бузург дунёро бубинем, бас рангҳову зебоиҳое ҷилвагар мешаванд, ки моро дар ҳайрат меоранд ва ин сайёра ё худ Заминро бештару беҳтар аз рӯзгори пешин дӯст медорем.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ

 


СУД. ДАЪВОҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
Одамон аслан барои он ба суд муроҷиат мекунанд, ки ҳақиқат ва адолат тантана кунад. Ва ин як кори маъмулист. Аммо, вақте одамони одӣ ба суд муроҷиатҳои ғайриодӣ мекунанд, ин, воқеан ҳам, аҷиб аст.
Рубрикаи нави саҳифаи дӯстдоштании «Шоми шанбе» аз ҳамин хусус қисса мекунад. Бо мо бошед!

780 ҲАЗОР ДОЛЛАР САМАРИ ЯК НАЙРАНГ
Сокини иёлати Техаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кэтлин Робертсон дар яке аз мурофиаҳои ғайриодии судӣ соҳиби 780 ҳазор доллар шуд. Даъвои «ҷабрдида» ин аст, ки ӯ дар мағозаи фурӯши мебел аз «хунукназарӣ» - и масъулон ба кӯдаке бархӯрда, баъди афтидан, банди дасташро шикастааст. Ба гуфтаи Робертсон кӯдак беназорат монда, дар растаҳои мағоза бетартибона давидааст, ки сабаби бархӯрд бо ӯ мешавад.
Аз хулосаи суд бештар аз ҳама роҳбарияти мағоза ба ҳайрат афтод. Зеро кӯдаке, ки ба онҳо қариб як миллион доллар зарар овард, писари худи Кэтлин Робертсон буд, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК


ХАРСАНГҲОИ ТИЛЛОДОР
Дар Австралия сангҳои калонеро пайдо намуданд, ки дар сатҳашон холҳои  тиллоӣ намудоранд.
Мувофиқи иттилои Оҷонсии хабарии «ВВС» ширкати «RNC Minerals» - и Канада ҳафтаи гузашта аз конҳои шаҳри Калгурли ин кишвар ду харсанги бо холҳои тиллоӣ пӯшондашударо дарёфт намудааст. Мувофиқи иттилои коршиносон арзиши тиллои дар холҳо ҷойгиршуда ба 4 миллион доллар баробар аст.
Дар он омадааст, ки холҳои тиллоӣ бештар аз 60 килограмм вазн доранд. Тибқи иттилоъ рӯзҳои наздик сангҳои тиллодорро ба музояда мебароранд.
Таҳияи М. БЕРДИЁРОВ


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол
бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад

Ду сайёҳ
Ду сайёҳ, ки танҳо як дучарха дорад, бояд дар муддати 1,5 соат хатсайри дарозиаш 12 километрро тай кунад. Маълум аст, ки ҳар яке аз онҳо суръати ҳаракаташонро бо дучарха то 20 км/соат ва пиёда то 5 км/соат зиёд карда метавонанд. Оё сайёҳон метавонанд ин хатсайрро бе дермонӣ тай кунанд?
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА


"ДӮСТОНИ ҶОНӢ"
Боре аз оҳангсози шаҳир Ҷоаккино Россини мепурсанд, ки, агар дӯстони ҷонӣ дошта бошад, чанде аз онҳоро номбар кунад.
- Албатта, дорам, -  мегӯяд ӯ ва аз Ротшилд ва Морган, ки ҳар ду миллионер буданд, ёдовар мешавад.
- Шояд чунин дӯстони сарватмандро барои он интихоб намудед, ки ҳар вақт маблағ лозим шавад, қарз мегиред,- бо писханд луқма мепартояд нафаре.
- Не, тамоман баръакс, - мегӯяд Россини, - ман барои он инҳоро дӯст мехонам, ки ҳеҷ вақт аз ман қарз намепурсанд.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА


ДАРАХТИ НОН
Дарахти нон яке аз рустаниҳои ғайриодӣ ба ҳисоб меравад. Ватани он Гвинеяи Нав мебошад. Онро дар асри XVII баҳрнавардони англис кашф намудаанд.
Маллоҳон ба мардуми таҳҷоӣ, ки меваи дарахтро ба ҷои нон тановул мекарданд, ҳайратзада менигаристанд.
Дар асри XVIII дарахти нонро дар Ямайка низ шинонданд, ки баъдтар яке аз хӯрокҳои асосӣ барои ғуломон ба ҳисоб мерафт.
Танаи дарахт боқувват буда,  дарозии қадаш то ба 25 метр мерасад. Мевааш 30 - 35 сантиметр ва вазнаш 4 - 4,5 килограммро ташкил медиҳад. Мевааш ба харбуза монанд ва мағзаш  ширин аст.
Дарахти нон бе об чанд моҳ зиста метавонаду ба гармии то 40 дараҷа  тоқат дорад. Аҷобати ин дарахт дар он аст, ки он то 9 моҳ метавонад самар диҳад. Ҳар сол аз як дарахт 600 - 700 мева гирифта мешавад.
Таҳияи Гулистон
МАВЛОНАЗАРОВА


5   ИНШООТИ  БУЗУРГИ  ҒАЙРИОДӢ
БУЗУРГШАҲРИ ЧИН
Пекин – пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шаҳрҳои калонтарини олам ба ҳисоб меравад, ки аҳолиаш  зиёда аз 21 миллион аст. Аммо, ҳукумати Чин нақша дорад, ки ҳудуди пойтахтро  боз ҳам васеъ намуда, ҳашамати онро афзояд. Тибқи нақша шаҳри Тянсзин ва музофоти Хебей оянда ба шаҳри Пекин мепайванданд, ки дар натиҷа гигаполиси бузурге бо масоҳати 212 километри мураббаъ ва бо аҳолии 130 миллион нафар ба миён меояд.
Таҳияи Комрон САФАР


ЛОНАИ ПАРАНДАРО МЕХӮРАНД?
Дар ҷазираҳои Суматра, Борнео, Сейлон ва дигар ҷазираҳои уқёнуси Ором парандае зиндагӣ мекунад, ки лонаи он хӯроки дӯстдоштаи баъзе халқиятҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мебошад.
Моҳҳои май ва июн давраи лонасозии ин парандаҳост. Онҳо вақти сохтмон аз ғадудҳои даҳони хеш хамираи часпаки ёзанда ҷудо мекунанд. Ин хамираро «гӯшт» - и лонаи хӯрданӣ номидан равост.
Одамон оҳиста лонаҳои онҳоро мегиранд ва парандаҳо лонаҳои худро ёфта натавониста, боз лонаҳои дигар месозанд. Парандаҳои бечора ба дигар минтақаҳо кӯч ҳам намебанданд ва пайваста барои истеъмолкунандагон лонаҳои болаззат «мепазанд». Маркази савдои ин хӯрок Ҳонконг аст. Маҳсулот мувофиқи фармоиш аз он ҷо ба дигар ҷойҳо низ интиқол меёбад.
Мутахассисон муайян карданд, ки лонаи хӯрданӣ хусусияти давоӣ дошта, таркибаш 50 дарсад аз сафеда иборат аст. Баъди тановул кас аз хастагии ҷисмонию рӯҳӣ озод мешавад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Рухсатӣ бо ҳамроҳии 103 узви оила
Хизматчии бюрои сайёҳӣ аз ҳайрат бо даҳони воз монд, вақте ки Ҷил Пуллени бедгэмптонӣ (Англия) рухсатии якҳафтаинаро баҳри тамошои Испания барои худ ва оилааш - ҳамагӣ аз 103 нафар ба расмият медаровард. Ҷил сабаби саёҳати бузургҳаҷми оилавиро осону сода шарҳ дод: «Модарам 11 бародару хоҳар дошт, фарзандони онҳо низ ба камол расидаанд». Синни узви калонсоли оила ба 71 дакка мезад. Аз ҳама хурдӣ 1- сола буд. Барои он ки кор осон шавад, ба ҳамаи узви оила як роҳхат ва як чиптаи умумӣ навиштанд. Аз ин ҳолат Ҷил то оғози парвоз дар хавотир буд, зеро, агар як нафар шиносномаашро фаромӯш мекард, дигарон низ аз сафар маҳрум мешуданд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ДАР ДИЛ Ё ДАР ГИЛ?
Дар он рӯзгори пешин омӯзгоре зимни тадрис ва гуфтани панду андарз ба шогирдон ҳамеша таъкид мекард, ки ҳаргиз дилбастаи моли дунё набошед ва муҳаббати зарро дар дил ҷой надиҳед. Шогирде бар ӯ ба ҳар бор шак меовард ва аз зеҳнаш мегузаронд, ки устод худ дар ин маврид чӣ гуна бошад. Устод бо он илме, ки дошт, ӯро дармеёфт, аммо умед мебаст, ки ба рӯзе ин шакку шубҳаро аз худ дур мекунад. Чун аз кимиёи суҳбаташ миси шогирд зар нашуд, амраш намуд, то аспашро тавилагардон намояд. Ба ҳангоми иҷрои амр дид, ки гулмехи аспи устод аз зар аст. Пас аз он шубҳааш ба маротиб афзуд. Устод бо дарёфти ҳоли ӯ изҳор дошт: «Дидӣ, бовар ҳосил кардӣ, ки мо зарро дар  гил ҷой додем, на дар дил?».
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ


ҚАТОРА. ЯК КАШФИЁТИ ОЛӢ
«Нахустин қатораи мусофирбар бо сӯзишвории ҳидрогенӣ дар Олмон ба ҳаракат даромад», - хабар додааст нашрияи «Ren.tv».

Қатораи таҷрибавӣ аз Саксонияи Поин ба ҳаракат дароварда шуд. Айни ҳол суръати ҳаракати он 140 километрро дар як соат ташкил медиҳад. Аммо, ин ҳадди ниҳоӣ нест. Муҳаққиқон пайи вусъат бахшидани суръати қатора кор карда истодаанд.
Ягона норасоии навъи нави мусофиркаш дар баланд будани нархи сӯзишвории он аст. Ширкати мусофирбаре, ки ин намуди хизматрасониро  ба  ҷо меорад, норасоиро бартараф намуданист.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


КӮТОҲТАРИН УМР
Муҳаққиқон ба ин хулосаи ниҳоӣ расиданд, ки дар дунё миёни мардум аз ҳама ҷумлаи серистеъмол «ман туро дӯст медорам» мебошад. Аз ин, албатта, шод гардиданд. Аммо, таассуф аз он хӯрданд, ки аз ҳама кӯтоҳ умри ин ифода аст.
Абдулқодири РАҲИМ


10 кишвари  сертамошобини  дунё
4. ИТАЛИЯ
Италия  дар соҳили  баҳри Миёназамин ҷойгир буда, давлати дорои таърихи хеле куҳан ва санъату маданияти олӣ эътироф гардидааст. Ҳамасола қариб 58 миллион сайёҳ аз ин кишвари афсонавӣ дидан мекунад. Даромади давлат аз ҳисоби сайёҳон дар ин ҷо ҳамасола ба 11 дарсади буҷет баробар мешавад.
Диққати сайёҳонро на танҳо ёдгориҳои Рими Қадим ва иншооти муосир, инчунин, соҳилҳои баҳр, ки барои истироҳати бофароғат дар сатҳи олӣ омода гардидаанд, ба худ ҷалб кардаанд.
Бузургшаҳрҳои Италия, аз қабили Рим, Милан, Венетсия, Флоренсия, Неапол дар ҳама фасли сол сермеҳмон буда, тамошои харобаҳои Рими Қадим, хусусан Кализеи машҳур, хаёли касро ба гузаштаи дур мебарад.
Дар Италия гаҳвораи дини католикӣ – Ватикан ҷойгир аст, ки тамоми пайравони ин дин онро зиёрат менамоянд.
Ногуфта намонад, ки беҳтарин ва болаззаттарин ошхонаҳои дунё дар Италия мебошанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2018    №: 190-191    Мутолиа карданд: 1132
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед