мулоқотҳо
ВОХӮРӢ БО НИКОЛ ПАШИНЯН
27 сентябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян вохӯрданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Арманистонро, ки бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардааст, хайрамақдам гуфтанд.
Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, мошинсозӣ, саноати кӯҳию нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти технологияи муосир дар саноати сабук, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди сангҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, технологияҳои телекоммуникатсионӣ, пешниҳоди хизматрасонии молиявию бонкӣ, идораи бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои робитаҳои гуманитарӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ зарур шумурда шуд.
Ҳар ду ҷониб оид ба муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир табодули андеша карданд.
Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Арманистон даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф орад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.09.2018 №: 190-191 Мутолиа карданд: 1029