мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд.
Дар суҳбат вазъ ва дурнамои муносибатҳои неку шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Президенти Федератсияи Русия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузарондани ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ ва меҳмоннавозии самимии тоҷикона изҳори сипос намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари ҳамгироӣ бо Федератсияи Русия ҳавасманд аст ва ин кишварро дар муносибатҳои байналмилалӣ шарики калидию стратегии худ медонад.
Таваҷҷуҳи асосӣ дар мулоқот ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноати кӯҳию металлургӣ, кишоварзӣ ва фарҳангу маориф зоҳир гардид.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду давлат, ҷонибҳо барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зарурати иҷрои саривақтии қарорҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодиро таъкид намуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаи афзун гардондани ҳаҷми содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Русия ва таҳияи механизми маблағгузории корҳои таъсиси марказҳои нақлиётӣ - логистикӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Муҳимияти рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф низ махсус зикр карда шуд.
Таъкид гардид, ки доираҳои илмию фарҳангии ду давлат ҳамкории пайваста доранд ва мунтазам дар чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангии муштарак иштирок менамоянд. Омодагии ҳар ду ҷониб барои дар сатҳи баланд гузарондани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар моҳи октябри соли равон зикр гашт.
Ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Русия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.
Дар мулоқот сарони давлатҳо доир ба масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои амниятӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ, ки самти калидии ҳамкории Тоҷикистон ва Русия ба ҳисоб мераванд, табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳоро дар мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар мулоқот, ҳамзамон, дигар мавзӯъҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.09.2018 №: 190-191 Мутолиа карданд: 1337