қарорҳои ҳукумат
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 ноябри соли 2009, ш. Душанбе, № 635
Дар бораи барҳамдиҳии Муассисаи давлатии
«Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодӣ»
Мутобиқи моддаи 62 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодӣ» барҳам дода шавад.
2) Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи барҳамдиҳиро оид ба барҳам додани Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодӣ» таъсис диҳад.
3) Комиссияи барҳамдиҳӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории гражданӣ барҳамдиҳии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодӣ»-ро анҷом диҳад.
4) Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №589 «Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, калимаҳои Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотҳои иқтисодӣ» хориҷ карда шаванд.
5) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таҷдиди сохтори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди мушаххас ирсол намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2494