ҳуқуқ
РАШК Ё ҶИНОЯТЕ, КИ ШАҲЛОРО ШАШ СОЛ БА ЗИНДОН БУРД
Шаб аз нисф гузашта буд. Шаҳло ба назди хонаи собиқ шавҳараш рафта, тирезаро тақ - тақ зад. Вале, касе ҷавоб надод. Ӯ бо санг шишаи тирезаро шикаст. Дар ҳамин ҳолат суроби Юсуф Валиев аз паси тиреза пайдо шуд, ки ӯро бо суханони қабеҳ дашном дод. Ӯ дар сари ғазаб бензинро аз тирезаи шикаста ба дохили хона пошид ва гӯгирдчӯбро дардода партофт. Чун хонаро алангаи оташ фаро гирифт, зарфи бензин ва санги дар дасташбударо партофта, баромада рафт.
Шаҳло Муродова, сокини шаҳри Душанбе, соли 2014 тавассути телефони мобилӣ бо Юсуф Валиев шинос шуда, бо бастани никоҳи мусулмонӣ оила барпо намуданд. Солҳои аввал зиндагии онҳо хуб буд. Вале, аз моҳи феврали соли 2017 шавҳараш муносибатҳои худ-ро тағйир дода, бе ягон асос ба ӯ дашномҳои қабеҳ медод. Баъди ҷанҷоли навбатӣ, моҳи марти соли 2017 шавҳараш бо тариқи мусулмонӣ талоқи ӯро дод ва ӯ хонаро тарк кард. 30 марти соли 2017 Ш. Муродова аз ронандаи хатсайри №2, ки дар ҳамсоягии Юсуф истиқомат дошт, хабари зан гирифтани собиқ шавҳарашро фаҳмида, дар оташи рашк месӯхт.
Ӯ 1 апрел шабона аз нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Газпромнефт”- и назди гардиши “Товус” ним литр бензин харид ва аз роҳ сангеро бо худ гирифта, ба сӯи хонаи собиқ шавҳараш равон шуд. Бо вуҷуди он, ки Юсуф Валиевро дар хона дарёфт, вале аз ҳиссиёти рашк ба манзили ӯ оташ андохт.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ - молшиносии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари умумии расондашуда дар натиҷаи сӯхтор ва корношоям гардидани амволи манзили истиқоматӣ маблағи 1820 сомониро ташкил дод. Ҳамчунин, тибқи хулосаи экспертизаи тиббӣ - судӣ ҷабрдида Ю. Валиев ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар намуди сӯхтани дасту пойҳо бардоштааст.
Юсуф Валиев дар мурофиаи судӣ нишон дод, ки баъди вайрон гардидани муносибатҳои оилавиаш бо Холбибӣ Давлатова соли 2014 ӯ бо Шаҳло Муродова шинос шуда, бо ӯ никоҳи мусулмонӣ баста, то соли 2017 зиндагӣ кардаанд. Тахминан як моҳ баъд аз ҷудо шуданаш боз бо Нуқра ном зан никоҳ баста, то ҳол зиндагӣ доранд. Шаби 1 ва 2 апрели соли 2017 ҳангоми дар хона бо завҷааш будан, садои шикастани тирезаро шунида, дарҳол аз ҷояш хеста аз тирезаи ошхона ба берун назар кардааст. Шаҳло Муродова бензинро аз тирезаи шикаста ба дохили хона пош дода, оташ задааст. Ӯ зуд аз ошхона балони газро бароварда, бо кӯмаки ҳамсояаш сӯхторро хомуш кардаанд.
Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ баъди баррасии парванда Шаҳло Муродоваро дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 255 қисми 2 банди «а», 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, нисбат ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳои таъйиншуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол таъйин кард. Ҳамзамон, суд ҳукм кард, ки аз ҳисоби Шаҳло Муродова ба фоидаи ҷабрдида Юсуф Валиев ба маблағи 1820 сомонӣ зарари расондашуда рӯёнда шавад.
Мавриди зикр аст, ки яке аз омилҳои аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо рашк мебошад. Он ҳамчун офатест, ки дар ҷомеа густариш ёфта, баъзан бар асари ҷоҳиливу нодонӣ ва гумроҳӣ ба ҷудошавии оилаҳо ва ҳодисаҳои мудҳиш, яъне куштор оварда мерасонад.
Мунаввари САФАР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.10.2018 №: 192 Мутолиа карданд: 938