қарорҳои ҳукумат
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 ноябри cоли 2009, № 626, шаҳри Душанбе Дар бораи манъ намудани фурӯши лампаҳои барқии тафсон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2009, № 653 «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ва бо мақсади самаранок ва сарфакорона истифода бурдани энергияи барқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1) Фурӯши лампаҳои барқии тафсон, ки воридоти онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2009, №492 «Оид ба баъзе чораҳои истифодаи самараноки энергияи барқ» манъ гардидааст, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шавад.
2) Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иҷрои банди 1 қарори мазкурро таъмин намоянд.
3) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи дақиқи лампаҳои барқии тафсонро, ки воридот ва фурӯши онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ карда шудааст, дар воситаҳои ахбори омма интишор намояд.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2650