маориф
ЯК НИШАСТИ МУҲИМ
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи таълиму тарбия ба масъалаи солимии наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ, вазорату идораҳои дахлдор, бавижа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ, як қатор корҳоро ба анҷом расонд.
Дар робита ба ин, дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия семинари омӯзишӣ зери унвони “Рушди наврасон ва иштироки иҷтимоии онҳо” доир гашт. Дар кори семинар намояндагони Маркази миллии солимии репродуктивӣ, хадамоти кор бо ноболиғони ВКД, раёсати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Прокуратураи генералӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок намуданд.
- Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ, омӯзондани психологҳо, муовинони директори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва шабакаи муассисаҳои КАТС, нозирони ҳифзи ҳуқуқ ва ташкили гӯшаҳои иттилоотӣ дар муссисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ буда, тавассути ин корҳо эмин доштани ҷавонону наврасон аз гумроҳӣ ва бемориҳои сироятист, - изҳор дошт Р. Мирбобоев, муовини якуми вазири маориф ва илм.
Ёдовар мешавем, ки аз 20 то 30 - юми августи соли ҷорӣ омӯзиши равоншиносон ва муовинони директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои пилотӣ доир гардид. Мутахассисон омодагиҳои аввалияро дар мавриди кор бо наврасону ҷавонон гирифта, сабаб ва омилҳои вайроншавии ҳолати рӯҳии онҳоро омӯхтанд.
Ниссо Қосимова, намоянда аз Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ, зимни суханронӣ доир ба баланд бардоштани маҳорат ва омода кардани мутахассисони соҳаи равоншиносӣ дар муассисаҳои таълимӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа намуда, изҳор дошт, ки Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ ин иқдоми Вазорати маориф ва илмро дастгирӣ мекунад ва барои рушди минбаъдаи он ҳавасманд аст.
Намояндаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ Фирдавс Рауфов андешаҳояшро чунин иброз дошт: “Барои паст кардани шиддати ин падидаи номатлуб дар байни ҷавонон ҳамеша бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронд. Дар давраҳои гуногуни синну солӣ бо онҳо ҳамчун рафиқ ва ҳамроз муносибат карда, мушкилоти рӯҳии онҳоро бидонем. Бахусус, давраи балоғат сардаргумиҳои зиёд дошта, гузариш аз як давра ба давраи дигари синну солӣ эҳтиёткориро талаб мекунад».
Дар ҳақиқат, наврасону ҷавонон қишри ҳассосу осебпазири ҷомеа буда, барои воридшавии онҳо ба ҳаёту фаъолияти иҷтимоӣ ёрдами калонсолон лозим аст. Раҳнамоӣ ва иршоди бузургсолон дар ин синну сол аҳамияти вижа дорад, зеро онҳо ҳанӯз мустақилона ба як қарор омада, дар бораи масъалаю ҳаводиси атроф хулосаи зарурии худро бароварда наметавонанд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.10.2018 №: 192 Мутолиа карданд: 972