номаҳо
ДАСТАҶАМЪОНА ДУО КАРДЕМ
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ кишвари азизамон Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ба тараққиёт ва дастовардҳои бузурге дар соҳаҳои мухталиф ноил гардида, ки ин ҳама маҳз бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Натиҷаи ҳамин сиёсати дуруст ва хирадмандона аст, ки имрӯзҳо Тоҷикистонро бо унвони як давлати мустақил ва ташаббускор дар тамоми олам мешиносанд ва эътироф менамоянд, ки боиси ифтихори тамоми сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад.
Аз ҷумлаи дастовардҳо озодии виҷдони шаҳрвандон аст. Ҳамасола ҳазорон шаҳр-ванди кишварамон ба сафари ҳаҷ мераванд. Соли ҷорӣ аз ҷумҳурии маҳбуби мо зиёда аз 6 ҳазор нафар сафари ҳаҷ намуду зиёрати Каъбатуллоҳ насибашон гашт.
Шукронаи сулҳу субот ва оромии кишварамон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки барои зоирони тоҷик тамоми шароит-ро фароҳам сохтаанд. Баъзе аз ҳоҷиёни кишварҳои дигар дар кӯчаву хиёбонҳо ва канори роҳҳо ва дар шароити бисёр душвор қарор доштанд. Аммо ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои беҳтарин ва ба Каъба наз-диктарин ҷой дода шуда буданд.
Дар мавсими «Ҳаҷ – 2018» ба ҳоҷиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров як зумра ҷавонони забондону хушсалиқа, хушрафтору хушгуфтор роҳбаладӣ намуданд. Бо кумаку дастгирии ин ҷавонон ҳамаи аркони ҳаҷро ба пуррагӣ иҷро намудем. Аҳсан ба он роҳбарон ва мутасаддиёне, ки чунин ҷавонони арзандаро барои мо роҳбалад интихоб намуданд.
Мо - тамоми ҳоҷиёни Тоҷикистон дар маконҳо ва мавзеъҳои муқаддас дар ҳаққи давлату миллат ва Сарвари шоистаи он барои ободиву осудагии кишвар ва пойдории сулҳу субот дастаҷамъона дуои хайр намудем.
Мо ҳамеша тарафдор ва тарғибгари сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, шукронаи сулҳу ваҳдат ва оромиву осудагии кишвари азизамонро намуда, барои рушди боз ҳам бештари мамлакат тамоми саъю кӯшиши худро равона месозем.
Абдуллоҷон Пӯлодов,
ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.10.2018 №: 192 Мутолиа карданд: 1280