қарорҳои ҳукумат
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 августи соли 2009, № 472, шаҳри Душанбе Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бо мақсади ба танзим даровардани меъёри пардохт барои истифодаи иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Банди 28 боби 58 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)» тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«28. Барои истифодаи иҷозатнома дар соҳаи алоқаи барқӣ дар ҳар семоҳа ба андозаи 2,5 фоиз аз даромади иҷозатномадор ба буҷети давлатӣ хироҷ ситонида мешавад.».
2. Қарори мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 2563