logo

туризм

ПАРАНДАШИНОСӢ – БАХШИ МУҲИМИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ

Мушоҳидаи олами ҳайвонот фаъолона ба як навъи сайёҳӣ табдил ёфта истодааст. Масалан, дар бисёр кишварҳо ба истилоҳ "birdwatching" ё худ сайёҳии парандашиносӣ (орнитологӣ) бо суръат рушд меёбад. Он яке аз намудҳои сайёҳии экологӣ буда, боздид аз мавзеъҳои камомӯхташудаи табиат мебошад. 
Ба хотири ин навъи сайёҳӣ метавон ба дилхоҳ кишвар сафар кард. Танҳо боздид аз боғи миллӣ ё мамнӯъгоҳҳо, ки миқдори зиёди парандагон он ҷо сукунат доранд, кофӣ аст.  
Чуноне мутахассисони соҳаи экология иброз медоранд, дар кишвари мо 18 ҳудуди калидии орнитологӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, барои ҷалби сайёҳон дар ҷойҳои ҷамъшавии парандаҳо метавон сайёҳии парандашиносиро ба роҳ монд. Масалан, дар обанбори Баҳри Тоҷик, ки макони ҷамъшавии парандаҳо мебошад, роҳандозии ин намуди туризм дар моҳҳои август – сентябр – октябр, вақте  ки парандаҳо аз шимол ба ҷануб меоянд, басо мувофиқ мебошад. Дар обанбори Баҳри Тоҷик аз оилаи ғозшаклҳо метавон якчанд намуди мурғобиҳоро мушоҳида кард. Ҳангоми ташкили сайр ба ин мавзеъ роҳбалад бояд парандашинос бошад, то дар бораи намудҳо ва хусусиятҳои биологии парандаҳо маълумоти дуруст дода тавонад.
Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи он барои сайёҳони орнитолог метавонад объекти диққатҷалбкунанда гардад, алҳол  ин навъи сайёҳӣ дар кишвари мо рушд наёфтааст. Ва сабаби аслии инро мутахассисон дар набудани инфрасохтор ва роҳбаладони парандашинос (орнитолог) медонанд.
Бо мақсади пешрафти ин самти сайёҳӣ дар Тоҷикистон коршиносон тавсия медиҳанд, ки варақаҳои тарғиботӣ, китобу маҷаллаҳои махсуси соҳавӣ дар бораи парандагони кишвар таҳия ва нашр шаванд. Ҳамчунин, ҷиҳати ташкили саёҳатҳои орнитологӣ мутахассисони парандашинос ҷалб гарданд.
Тибқи маълумоти мавҷуда, ҷамъияти «Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ дар Тоҷикистон» тасмим гирифтааст, ки барои мактаббачагону донишҷӯён дар маконҳои ҷамъшавии парандаҳои мавсимӣ экскурсияҳо ташкил намояд. Чунин иқдом қобили дастгирӣ буда, барои боло рафтани сатҳи маърифати экологии наврасону ҷавонон аҳамияти калон дорад.
Гуфтан ба маврид аст, ки сайёҳии орнитологӣ яке аз бахшҳои рушдёбандаи сайёҳии экологӣ маҳсуб ёфта, тибқи пурсишҳои сотсиологӣ пас аз сайёҳии пиёдагардӣ дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол менамояд. Ин навъи сайёҳӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Британияи Кабир, кишварҳои Скандинавия, Фаронса, Олмон ва Ҷопон бештар рушд кардааст. Садҳо ширкатҳои марбут сафарҳои сайёҳиро қариб ба тамоми гӯшаҳои ҷаҳон ташкил менамоянд, даҳҳо коргоҳҳое мавҷуданд, ки таҷҳизот ва дастгоҳҳои барои ин навъи сайёҳӣ лозимаро истеҳсол менамоянд, садҳо маҷаллаҳо ба табъ мерасанд, ки ба парандаҳо ва назорати онҳо дар табиат бахшида шудаанд. Ин самти сайёҳиро дар Тоҷикистон низ сарфи назар кардан нашояд, зеро ба шарофати ҳудуди фарох ва гуногунии манзараҳои табиӣ, дар кишвар 385 намуди парандаҳо лона мегузоранд ва аз ин иқтидори бузург бояд самаранок истифода бурд.
Шаҳнози  ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.10.2018    №: 193    Мутолиа карданд: 1031
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед