маориф
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Рӯзҳо ва моҳҳо мегузаранд. Хотираҳо паси якдигар дар назар ҷило медиҳанд. Ба назарам, дирӯз донишҷӯву дар паси миз нишаста, интизори устод Тилло Бобозодаву дарсаш будам. Дар даст ҷомадони китоб бо чеҳраи нуронӣ вориди синфхона мешуд. Ҳамзамон, дар чеҳраи ҳама хушбахтиро эҳсос мекардам.
Дарси устод саропо аз меҳру муҳаббат ва ҳақиқати мавзӯъ фарогир буд. Пайваста кӯшиш мекард, ки ҳама донишҷӯён аз дарсҳо баҳравар бошанд, чизеро бо худ гиранд ва дарк намуда тавонанд.
Аз суҳбаташ ғизои маънавӣ мегирифтаму сайъ ба харҷ медодам, ки дар зиндагӣ ва кору фаъолияти шахсиам пайраваш бошам. Ҳолиё ба шогирдон сабақи устодамонро меомӯзонам. Шукр аз он дорам, ки шогирди чунин устоди соҳибэҳтиром ҳастам. Ҳар боре, ки шогирдонам дар озмунҳо сазовори ҷой мегаштанд, онҳоро ба тамошо ва сайри боғи ботаникии устод мебурдам. Ӯ низ моро борҳо ҳамроҳи шогирдонам ба семинарҳое, ки оид ба ҳифзи набототи нодир дар минтақаи Кӯлоб буд, даъват кардааст. Аз наздик суҳбат менамудем. Аз ҳар гиёҳу буттаву дарахт ва чӣ тавр рӯёнидану парваришу муҳофизати он сухан мегуфт. Ба ин восита дар рӯҳияи шогирдон муҳаббат ва ҳифзи табиатро бо суханони шаҳдбораш ҷо мекард. Шогирдон аз он ҷо бо як таассуроти тоза ва хотири болида бармегаштанд. Аз ёд нарафтааст, ки баъди хатми донишгоҳ, ки аз он солиёни зиёд гузашта буд, устод ба ҳангоми таҳқиқоту экспедитсияи илмӣ дар ноҳияи мо меҳмони хонадонам шуд. Аз хурсандӣ дар куртаам намегунҷидам, ки чунин шахсияти бузург ба хонаи мо ташриф овардааст. Соате чанд бо ҳам нишастему суҳбат оростем. Бисёр тавсияҳои хуб дод.
Ҳамин тавр, ӯ шогирдонро дар қуллаҳои баланди илму тадрис дидан мехост. Ҳарчанд имрӯз устод дар миёни мо нестанд, ёди неки ӯ дар дили мову насли имрӯза ҷовидон хоҳад монд.
Сабоатхон КАРИМОВА,
директори МТМУ № 29 - и ноҳияи Муъминобод
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.10.2018 №: 194 Мутолиа карданд: 978