logo

туризм

ҚУБОДИЁН - МАВЗЕИ БОСТОНИИ ТОҶИКИСТОН

Ба ақидаи таърихнигорон, Қубодиён аз куҳантарин сарзамини Осиёи Марказӣ  ба шумор меравад. Дар ин ҷо ёдгориҳои  бешумор вуҷуд доранд, ки мутаассифона, то ҳол теъдоди аниқи онҳо муайян нашудааст. Тахти Сангин, Қалъаи Мир, Кайқубодшоҳ, Тахти Қубод, Шоҳтеппа, Хушдормулло, Қуммазорот, Сафедмазор, Хоҷа Салим, Дижи Тӯс, Хоҷа Машҳад, Хоҷа Дурбод, Хоҷа Сарбоз, Мунҷоқтеппа, Ҳазратбобо, Масҷиди Намозгоҳ, Хазрати Кон, Бешкентқалъа, Тиллоҳаллоҷӣ, Дурахшонтеппа, Қалъаи Кофарниҳон – ёдгориҳои машҳури ин минтақа мебошанд, ки аз диёри бостонӣ будани он шаҳодат медиҳанд. Қубодиёни таърихӣ қаламрави имрӯзаи ноҳияи Қубодиён ва ноҳияҳои Шаҳритузу Носири Хусравро дар бар мегирад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар ҳудуди ноҳия 4 ёдгории меъморӣ ва 22 ёдгории бостоншиносӣ кашф шудаанд. Бо вуҷуди ин, таърихшиносон бар онанд, ки ҳоло ҳам дар ин ҷо мавзеъҳои кашфношуда зиёданд.
Ёдгории аҷибе, ки ҳам сайёҳони хориҷӣ ва ҳам сайёҳони дохилиро бетафовут гузошта наметавонад - ин Тахти Сангин мебошад. Ёдгорӣ дар қисми ҷанубии ноҳияи Қубодиён воқеъ аст. Он дар замони Ҳахоманишиён бунёд шуда, дар аҳди юнониёну мақдуниҳо рушду тараққӣ меёбад. Маъбад сангин буда, на танҳо сохти меъморӣ, балки ҳамаи ҷузъиёти он то ба имрӯз пойдор мондааст. Дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносӣ, садҳо тангаҳои Юнон, Бохтар, Ҳинд, Ашкониёну Кӯшониён, боқимондаҳои ҳайкалҳои аз гаҷ ва гил сохташудаи замони элинӣ, маҳсулоти ҳунармандии аз устухони фил омодашуда, зиёда аз 3000 найзаи оҳанӣ, корду ханҷарҳои  бохтариву артиши савора ва пиёданизоми юнонӣ, ашёи санъати тасвирӣ ва ғайра ёфт шудаанд. Аз рӯйи бозёфтҳо метавон тахмин кард, ки ҳунарварон маснуоти гуногунро истифода мебурданд. Мазмуну мундариҷаи  нигораҳо ҷолиб ва пурмуҳтавоянд. Ҳаккокӣ, тасвир, тиллокорӣ, ангобидан, андудани ашё аз ҳунари олии ҳунармандони ҳамон давра гувоҳӣ медиҳанд.
Тахти Сангин ба шарафи олиҳаи Ому бунёд ёфтааст. Ин ёдгорӣ дар якҷоягӣ бо Тахти Қубод, деворҳои пурқуввати сангин, бандари дорои гузаргоҳ ва шаҳраки соҳили чапи Амударё комплекси ягонаро ташкил медод. Ақидае роиҷ аст, ки ганҷинаи беҳамтое, ки бо номи Хазинаи Амударё (клад Окса) ёд мешавад ва дар Осорхонаи миллии Британияи Кабир маҳфуз мебошад, маҳз аз ҳамин ҷо ёфт шудааст.
Шаҳраки Кайқубодшоҳ маркази қадимаи Қубодиён мебошад. Деворҳои он аз хишти хом бино шудаанд. Шаҳрак дорои чаҳор дарвоза буда, аз он ашёи гуногуни  бостонӣ ёфт шудааст. Онҳо мавҷудияти ҳаёт дар Кайқубодшоҳ дар замони Кӯшониён ва давраҳои  минбаъда шаҳодат медиҳанд.
Ибодатхонаи буддоии Хушдормуллоро Уштурмулло низ меноманд ва он дар соҳили рости  Амударё, дар қисмати шимолии Хишттеппа, ҷойгир аст.
Ҳамаи ин ёдгориҳо Қубодиёнро ба яке аз мавзеъҳои бостонии Ватани азизамон – Тоҷикистон табдил додаанд. Бинобар ин, роҳандозии сайёҳии таърихӣ – фарҳангӣ дар ноҳия аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Хусусан, тартиб додани хатсайри серӯза барои сайёҳони ватанӣ ва хориҷӣ ҷолиби диққат хоҳад буд. Сайёҳон дар ин муддат ҷойҳои таърихии ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритузро дидан  карда,  дар  истироҳатгоҳи  «Кӯли Раҳматулло» - и ноҳияи Қубодиён ва «Чилучорчашма» - и ноҳияи Шаҳритуз истироҳат менамоянд. Бо итминон метавон гуфт, ки бо шарофати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 сайёҳии дохилӣ ва воридотӣ дар ин ноҳияи дурдаст ва кӯҳии кишварамон рушду тараққӣ хоҳад кард.
Шаҳноз  ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2018    №: 194    Мутолиа карданд: 1103
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед