logo

порлумон

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. РОҲБАРИИ СОХТОРИ МИНТАҚАВИИ ЗИДДИТЕРРОРИСТӢ БА ТОҶИКИСТОН МЕГУЗАРАД

20 январи соли 2016 Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ Ҳизби наҳзати исломиро ба рӯйхати ташкилотҳои террористии СҲШ, ҷудоихоҳ ва ифротгаро, ки фаъолияташон дар ҳудуди давлатҳои аъзои созмон манъ шудааст, дохил намуд. Ҳамчунин, Шӯрои сохтори минтақавии зиддитеррористӣ бо қарори худ таҳти № 473 аз 17 сентябри соли 2017 ахбороти ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ба инобат гирифта, ба Кумитаи иҷроияи сохтор дастур дод, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баҳри пешгирӣ кардани фаъолияти ин ташкилот дар қаламрави давлатҳои аъзои соз-мон ҳамкорӣ намояд.
Ин нукта дар ҷаласаи якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Мансурҷон Умаров, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии  амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишномаи байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ аз 7 июни соли 2002 ба вакилони Маҷлиси намояндагон ироа гардид.
Протоколи мазкур 16 августи соли 2007 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст. Он тартиби таъйин ва аз вазифа озод намудани директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ва муовинони онро ба танзим дароварда, забонҳои расмӣ ва кории ин сохторро муайян месозад. Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ 7 июни соли 2002 ба мақсади дастгирии сулҳу суботи байналмилалӣ, амният ва густариши ҳамкориҳои давлатии аъзои созмон дар самти мубориза бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ таъсис дода шудааст. Сохтори мазкур мақомоти доимоамалкунандаи Созмони ҳамкории Шанхай буда, бо ҳамоҳангсозии  фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои созмон дар мубориза бар зидди терроризм мусоидат менамояд.
Вазифаи асосии сохтор аз коркарди пешниҳоди тавсияҳо оид ба рушди ҳамкориҳо, мусоидат ба мақомоти салоҳиятдори аъзо дар мубориза бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротгароӣ, аз ҷумла дар гузарондани машқҳои фармондеҳии ситоди зиддитеррористӣ, оперативӣ, тактикӣ ва чорабиниҳои фаъоли ҷустуҷӯӣ, инчунин, дар амалӣ намудани ҷустуҷӯи ашхосе, ки дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, таъсиси махзани иттилоотӣ дар бораи ташкилоту созмонҳои террористӣ - экстремистӣ ва шахсони алоқаманд ба онҳо ва ғайра мебошанд.
Мансурҷон Умаров зикр кард, ки ин сохтори минтақавии зиддитеррористӣ дар давоми 16 соли фаъолияти худ ба яке аз бонуфузтарин ташкилотҳои минтақавии бо терроризм муборизабаранда табдил ёфтааст, ки инро созмонҳои байналмилалӣ эътироф карда, бо он ҳамкорӣ менамоянд.
Мансурҷон Умаров  тазаккур дод, ки мутобиқи қарори Шӯрои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай солҳои 2019 - 2021 вазифаи директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай аз Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад. Мавсуф иброз дошт, ки қаблан забони кории сохтори мазкур забони русӣ буд. Ҳоло забони хитоӣ низ забони расмӣ ва корӣ эътироф шудааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2018    №: 194    Мутолиа карданд: 1899
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед