фарҳанг
АРМУҒОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ШУҒНОН. ҚАСРИ ФАРҲАНГ
Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кохи нави фарҳанг мавриди истифода қарор гирифт. Муассисаи мазкур дар партави ҳидоятҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфт. Дар маросими ифтитоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, раиси ноҳияи Шуғнон Азиз Гиёҳзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Азим Иброҳим зимни муборакбодӣ изҳор дошт, ки Қасри фарҳанг туҳфаи Сарвари давлат ба мардуми ноҳияи Шуғнон ба истиқболи Ҷашни 27 - умин солгарди Истиқлолияти дав-латӣ ва шаҳодати таваҷҷуҳи беандозаи роҳбарияти давлат ба соҳаи фарҳанг аст.
Азиз Гиёҳзода таъкид кард, ки мардуми ноҳияи Шуғнон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз кумакҳои Ҳукумати кишвар, бахусус Сарвари давлат бархӯрдории бештар доштанд. Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат ноҳия соҳиби маркази маъмурӣ гардид ва боз чандин ободкорию созандагиҳо дар ин давра рӯи кор омаданд.
Таъкид гардид, ки дар Шуғнон бо масрафи беш аз 270 миллион сомонӣ 301 иншооту бинои нав бунёд шуда, симои маркази ноҳия ба куллӣ тағйир ёфт.
Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Қасри фарҳанг дар саҳни он намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд. Бинои муассиса аз ду ошёна иборат буда, хонаи ҳунармандон, ҳуҷраи сарулибос, дафтарҳои замонавии корӣ, ҳуҷраи техникӣ, толори васеи барҳавои консертиро дар бар мегирад. Дар бунёди бино санъатҳои меъмории миллӣ, рангҳои нодиру назаррабо ва масолеҳи хушсифат истифода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони қаср дар шаҳраки Ваҳдат - маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон 26 июни соли 2016 бо гузоштани хишти асос аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта буд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.10.2018 №: 194 Мутолиа карданд: 899