ҳуқуқ
ИФРОТГАРОӢ ХИЁНАТ БА ВАТАН АСТ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи ифротгароии динӣ ва терроризм, ки дарди рӯз мебошад, чунин изҳори андеша кардаанд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтааст, густариш ёфтани падидаҳои терроризму экстремизм мебошад, ки барои амнияти мардум ниҳоят хатарзо мебошанд. Мутаассифона, ба ин самти носолим бештар ҷавонони ҳанӯз мавқеи сиёсиву иҷтимоӣ пайдо накарда ва раҳгумони нохудогоҳ гароиш доранд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳангоми вохӯрӣ бо шахсони ифротгарои динӣ, ки аксаран ба гурӯҳҳои террористӣ иртибот доранд, онҳоро биомӯзанд ва бикӯшанд, то ба онҳо ҳадафҳои давлатсозӣ, сулҳофарӣ, пойдорӣ ва ваҳдати мардумони кишварро бифаҳмонанд. Имрӯз бисёре аз ҷавонон ва шаҳрвандон аз ҳадафҳои асосии гурӯҳҳои ифротгаро бехабаранд. Ба қадри арзишҳои муқаддасе чун истиқлолияту давлатдории миллӣ намерасанд. Самимона дарк намекунанд, ки ҳифзи марзу буми Ватан, нигаҳдошти оромиву осудагии мардум, ифтихор аз давлату миллати хеш барои ҳар инсони бонанг шарафу номуси ватандорӣ мебошад.
Аксар огоҳанд, ки дар ибтидои моҳи сентябр як гурӯҳи ифротгаро ва ватанфурӯш бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ дар шаҳри Варшава гирд омада, ҳаракатеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон” созмон доданд. Ташкил кардани чунин паймон дар хориҷи кишвар маънии ватанфурӯширо дорад. Онҳо чӣ мехоҳанд? Албатта, мақсад доранд, ки осудагиву оромии моро халалдор созанд. Ҷавонон дар ивази китобу дафтару компютер, ба даст яроқ гирифта, ҳамдигаркушӣ кунанд. Онҳо – ин беҳунарони нотавон, чашми дидан надоранд, ки дар Тоҷикистон боғҳо шаҳдрез мешаванд, роҳҳову пулҳо, коргоҳҳои саноатӣ ва иншооти маишӣ бунёд мегарданд. Садҳо муассисаҳои таълимоти олӣ ва миёна дарҳои худро барои насли наврас мекушоянд. Онҳо дар баробари ба доллару евро фурӯхтани асолати тоҷикии худ, ҷавонони бехабару ноогоҳро ба дасисаҳои марговари худ мекашанд.
Ман ҳамчун духтари акнун по ба арсаи омӯзишу илмандӯзӣ ниҳода, ҳамсолони худро ҳушдор медиҳам, ки фирефтаи гуфтаҳои ин дуздони ҳувияти миллӣ, номуси миллӣ нагашта, агар камтарин робитае бо онҳо дошта бошанд, онро бикананд. Ба ҷорчиёни онҳо бо мушти оҳанин ҷавоб диҳанд.
Тоҷикистони азизу муқаддасамон барои мо аз ҳама арзишҳо болотар аст!
Мартаба МИРМАДОВА,
мутахассиси шуъбаи магистратураи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.10.2018 №: 195 Мутолиа карданд: 970