қонунҳои ҶТ
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2017 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» (Ахбори Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2017, № 11, мод. 781; с.2018, № 2, мод.63, № 3-4, мод. 161, № 6, мод. 446) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар матн рақами « 21003087» ба рақами «21752289» иваз карда шавад;
- дар сархати якум рақамҳои «16172700» ва «1023781» мувофиқан ба рақамҳои «16921902» ва «1772983» иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 2:
- дар матн рақами « 21337420» ба рақами «24557052» иваз карда шавад;
- дар сархати нуҳум рақами «3483176» ба рақами «6702808» иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 3:
- дар қисми 1 рақамҳои «0,5» ва «334333» мувофиқан ба рақамҳои «4,2» ва «2804763» иваз карда шаванд;
- дар сархати чоруми қисми 2 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул «;» иваз карда шавад;
- ба қисми 2 сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«- аз ҳисоби коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) – 2470430 ҳазор сомонӣ.».
4. Дар матни моддаи 4 рақамҳои «9532802», «9856983» ва «324181» мувофиқан ба рақамҳои «10282004», «13076615» ва «2794611» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 5:
- дар матн рақами «9532802» ба рақами «10282004» иваз карда шавад;
- дар сархати нуҳум рақами «944328» ба рақами «1693530» иваз карда шавад.
6. Дар банди нуҳуми моддаи 6 рақами «2076825» ба рақами «5296457» иваз карда шавад.
7. Дар моддаи 7:
- дар замимаи 2 рақамҳои «2076825» ва «2060321» мувофиқан ба рақамҳои «5296457» ва «5279953» иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 8:
- дар банди 1 рақами «9856983» ба рақами «13076615» иваз карда шавад;
- дар банди 10:
- дар матни банд рақами «2962441» ба рақами «6182073» иваз карда шавад;
- дар сархати якум рақами «2645171» ба рақами «5864803» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 2 октябри соли 2018, № 1552
Қарори Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 октябри соли 2018, № 1148
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.10.2018 №: 195 Мутолиа карданд: 1269