фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад
Ба ифтихори Рӯзи забон
Дар ин силсиласекунҷаҳо ҳарфу ҳиҷоҳое ҷойгир шудаанд, ки тавассути онҳо метавон 4 мисраъ аз шеъри ба забон бахшидаи яке аз шоирони муосири тоҷикро барқарор кард. Муваффақ бошед!
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
93-547-00-05 Вайбер,Bzm_701@mail.ru
(Аз соати 800 то 1700 )
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238 - 53 – 40
ШИМ. ОНРО БОРИ АВВАЛ ДАР АСРИ VI ТО МИЛОД САВОРАҲОИ ФОРС ПӮШИДААНД
Нахустин намунаи шиме, ки имрӯз одамон ба бар мекунанд, ба асри VI то милод рост меояд. Ҷуғрофишиносони юнонӣ онро дар тани савораҳои форс дидаанд. Онҳо ин шимҳои ибтидоиро масхара карда, мегуфтанд, ки танҳо барбариҳо метавонанд чунин либос пӯшида бошанд. Римиҳо низ дар аввал шимро напазируфтанд, аммо дар ниҳоят ба фоиданокӣ ва қулай буданаш қоил шуданд.
Хуллас, дар тамоми Аврупо ашрофон ба шимпӯшӣ одат карданд. Ҳатто баъдан онро дар Аврупо то асри XV зебу зиннат дода, дабдабанок мекарданд. Аммо чунин усул тадриҷан аз байн рафт, чунки синфи коргар либоси одӣ ва шинаму бадоштро афзалтар медонист. Ниҳоят, дар қарни XIX шим намудеро гирифт, ки ба амсилаи имрӯзааш хеле наздик аст.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД
КӮДАКОНЕ, КИ ҶАҲОНРО БА ҲАЙРАТ ОВАРДААНД
ОСКАР РИГЛИ
Оскар Риглии бри-таниягӣ ҳарчанд ҳанӯз даҳсола аст, зеҳнияти баланд ва қобилияти ғайриодӣ дорад. Дар дусолагӣ қобилияти зеҳниаш ба 160 G, яъне ба сатҳи зеҳнии Алберт Эйнштейн баробар буд.
Ба ин хотир, ӯро дар ҳамин синну сол ба ташкилоти МЕНСА пазируфтанд. Ӯ ҷавонтарин иқоматкунандаи Британияи Кабир аст, ки ба ин ташкилоти бонуфуз пазируфта шудааст.
Волидонаш собит менамоянд, ки Оскар ба ҳарф задан аз нуҳмоҳагӣ оғоз намудааст. Якунимсола буд, ки китоби «Алифбо» мехонд.
Дар дусолагӣ фонди луғавиаш беш аз ҳазор калимаро дар бар мегирифт. Ин дар ҳолест, ки фонди луғавии кӯдакони маъмулӣ дар ин синну сол одатан 50 калимаро ташкил медиҳад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
НАХУСТИН СУХАНИ ТЕЛЕФОНӢ
Телефон моҳи марти соли 1876 аз тарафи олими амрикоӣ Грейям Бил ихтироъ шудааст. Грейям Бил, ки пайваста дар озмоишгоҳаш таҷриба мегузаронд, дар охир кӯшишҳояш натиҷа медиҳанд. Вақте дар ҳуҷраи аввали озмоишгоҳ буд, бо ҳамдасташ дар ҳуҷраи дигар пайваст мешавад. Худ аз ин кор ба тааҷҷуб меафтад ва мегӯяд: «Ҷаноби Вотсан, лутфан ба ҳуҷраи кории ман биёед».
Ин нахустин сухан тариқи телефон маҳсуб мешавад.
Аз арабӣ тарҷумаи Зебунисо Ҳамидзода,
донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон
ба номи С. Улуғзода
САВДО
Боре оҳангсози машҳури ҷаҳон Никколо Паганини, ки аз афташ ба консерт дер мемонд, аробакашеро бо ишораи даст наздаш хонду саросемавор пурсид:
- То театр чанд пул мегиред?
- Даҳ франк, - гуфт аробакаш.
- Чӣ, магар шухӣ мекунед? – якбора ҳайрон шуд Паганини, зеро медонист, ки аробакаш аз арзиши воқеӣ даҳ баробар зиёдтар мепурсад.
- Не, шухӣ намекунам. Худи шумо ҳам аз ҳар нафар барои консертатон даҳфранкӣ мегиред-ку. Дар ҳоле ки ҳамагӣ бо як тор менавозед.
- Хооб, - паст нафуромада гуфт Паганини, - ман даҳ франк медиҳам, фақат дар ҳоле ки, агар шумо ҳам то театр маро бо як чарх баред.
Аз русӣ тарҷумаи М. ОДИНАЕВА
10 КИШВАРИ СЕРТАМОШОБИНИ ДУНЁ
6. Британияи Кабир
Британияи Кабир яке аз кишварҳои дорои таърихи қадима буда, бо иншооти беназир, анъана ва урфу одатҳои аҷибаш мавриди таваҷҷуҳи оламиён қарор гирифтааст.
Ин давлати мутараққиро ҳамасола зиёда аз 30 миллион сайёҳ тамошо мекунанд. Мувофиқи маълумоти коршиносони маҳаллӣ, соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар ба шумор рафта, тақрибан 9 фоизи даромади буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Он беш аз 3 миллион ҷойи корро дар бозори меҳнат таъсис додааст. Ёдгориҳои таърихӣ ва нодири ин кишвар аз қабили қасрҳои Букингем, Вестминстер, осорхонаи ҳамомҳои римӣ ва ғайраҳо макони ҳамешагии сайёҳон қарор гирифтаанд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
ҚОБИЛИЯТҲОИ ҒАЙРИОДИИ ИНСОНҲОИ ОДӢ
“Одами ақл”
Баъзан нафаронеро дучор меоем, ки хотираи фавқулода қавӣ дошта, мураккабтарин баробариҳои математикиро метавонанд аз компютер ҳам зудтар ҳал намоянд, ё воқеаи кайҳо рӯйдодаро бо ҷузъиёташ дар хотир нигоҳ доранд. Дэниел Таммети бритонӣ аз зумраи ҳамин қабил одамон аст, ки “Одами ақл” – аш меноманд.
Барои Дэниел рақамҳои аз 0 то 10 000 ба монанди ранг, шакл, тасвир ва ҳиссиёт нақш ва махсусияти худро доранд. Дэниел мубталои бемории аспергер аст ва усули ба худ хоссаш имкон медиҳад, ки рақам ва воқеаҳоро бо дақиқии тасаввурнашаванда ба хотир гирад.
Қобили зикр аст, ки Дэниел дар омӯзиши забонҳо низ пешсаф аст. Ӯ исбот кард, ки дилхоҳ забонро метавонад дар кӯтоҳтарин муҳлат аз худ намояд. Дэниел 11 забони хориҷиро балад буда, дар як шоу-барнома муддати 7 рӯз забони исландиро низ аз худ намуд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
ДИҚҚАТ: «БО ХУД БУРДАНИ САНГ МАНЪ АСТ!»
Ҳамин гуна навишта солҳои охир дар ҳар қадами ҷазираи Скиатоси Юнон пайдо шуда, барои сокинонаш низ аҷиб метобад. Скиатос табиати афсонавӣ дошта, дар соҳилҳояш сангҳои шаклашон аҷиби қадимӣ зиёд ба чашм мерасанд. Солҳои охир миёни сайёҳон расме роиҷ гардид, ки барои хотира ҳатман аз ин сангҳои аҷиб намунае чанд бо худ бубаранд. Сангҳо ба сифати туҳфаи бепул ба наздикон низ хизмат мекарданд.
Ҳоло аз ҷониби маркази фарҳангии Скиатос бо мақсади ҳифз намудани сангҳои торафт камшудаистода ва зарар нарасондан ба табиати ҷазира бо худ бурдани сангҳо қатъиян манъ карда шудааст.
Сайёҳоне, ки кӯшиши бо худ бурдани сангҳоро мекунанд, аз 400 то 1000 евро ҷарима месупоранд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
ЯК САБҚАТИ АҶИБ
Дар Фаронса тавассути телевизион эълон карданд, ки Морис Дагбер бо мошини электронӣ сабқат карданист. Шарти Морис боз ҳам ҳайратовар буд.
Ӯ шарт мемонад, ки 10 масъалаи арифметикиро ҳал карда, ба ҳакамон пешниҳод мекунад ва дар ин муддат мошин 7 масъаларо ҳал кунад, кофист. Раваду он 8 - то ҳал кунад, худро мағлуб меҳисобад.
Масъалаҳо аз рӯи ҳаллашон мушкилу гуногун буданд. Аз ҷумла аз решаи кубӣ баровардани ададҳои нуҳрақама, ба дараҷаҳои гуногун бардоштани ададҳои дурақама ва амсоли инҳо.
Морис 10 масъаларо дар 3 дақиқаю 43 сония ҳал кард ва мошин барои ҳалли 7 масъала 5 дақиқаю 11 сония вақт сарф намуд. Хулоса, инсон аз мошини электронӣ нерумандтар баромад ва бори дигар исбот шуд, ки донишмандтар аз одам ягон мавҷуде нест.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
ЗАҲРИ МОР
Бо Ирма Бюл, овозхон ва бозигари сирки индонезӣ, ҳангоми яке аз шоу – барномаҳои телевизионӣ ҳодисаи фоҷиаборе рух дод. Аниқтараш ӯро мори афъии ромкардааш газид.
Тавсифи воқеа чунин аст, ки ҳангоми иҷрои барнома Ирма нохост думи морро зер мекунад ва ҷонвари бахашмомада аз дард ба ӯ дармеафтад. Ҳамкоронаш ба Ирма пешниҳод намуданд, ки барномаро қатъ намояду зуд позаҳр нӯшад. Аммо ӯ аз қабули ҳарду пешниҳод даст мекашад. И. Бюл то охир бовар дошт, ки ғадуди заҳрдори мор гирифта шудаасту ба ӯ осебе намерасад.
Пас аз 45 дақиқаи намоиш ӯ дарди ҷонкоҳеро ҳис намуда, аз ҳуш рафт. Ирмаро ба беморхона оварданд, лекин дер шуда буд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Мусофирон аз чӣ ба ғазаб омаданд?
Тайёраи итолиёвии ширкати «Ал - Италия», ки аз Рим ба тарафи Катания (Ситсилия) парвоз мекард, бояд аз пойтахт дар соати 22 - ю 30 дақиқа ба ҳаво мехест, вале танҳо дар соати 0.30 тавонист иҷозати парвоз бигирад. Мусофирони аз интизорӣ кӯки чашонашон қариб кандашуда хеле асабӣ буданд. Ба болои ин хабари расида «ба сӯхта намакоб» шуд: гуфтанд, ки фурудгоҳи Катания аллакай маҳкам шудааст. Ба Палермо мепарем ва аз он ҷо то Катания бо автобус мерасед». Мусофирони асабӣ аз қаҳру ғазаб худро гум карда, стюардессаро ба гарав гирифта, хостанд ба хоначаи сарнишинҳо «ҳуҷум» оваранд. Новобаста ба ин тайёра парвозро идома бахшид ва дар Палермо фуруд омад. Аммо, дар фурудгоҳ аз автобуси ваъдагӣ нишоне набуд. Мусофирон бо зӯрӣ ба тайёра нишаста гуфтанд: «То моро ба Катания набаред, халосӣ надоред!». Он гоҳ «Ал - Италия» аз «аспи ҷаҳл» фаромаду тайёра ҷониби Катания парид.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ЗАБОН
Забон устухон надорад, аммо устухонҳоро мешиканад.
* * *
Забону замонатро эҳтиёт кун, зеро ин ҳар ду қиматанд.
* * *
Забон шамшери тез аст, хун нарезонда инсонро мекушад.
* * *
Қалб аз чизе пур бошад, аз забон ҳамон мерезад.
* * *
Забон, ки гиреҳ зада бошад, бо дандон кушода намешавад.
* * *
Қалби инсон пок намегардад, агар забонаш пок нагардад.
* * *
Шахсияти ҳар кас дар зери забонаш пинҳон аст.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА
40 КОРД ДАР МЕЪДА, АММО ЗИНДА
Дар шаҳри Амритсари музофоти Панҷоби Ҳиндустон табибон ҳангоми амалиёти ҷарроҳӣ аз меъдаи марди 42 - солаи сокини шаҳри мазкур, ки номашро махфӣ медоранду танҳо бо насаби Сингх муаррифӣ шудааст, 40 адад корд берун оварданд. Ҷарроҳӣ 5 соат тӯл кашида, ҳамаро ба ҳайрат овард. «Ман тӯли зиёда аз 20 сол собиқаи кориам боре ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ нашудаам. Вақте мо беморро бо шикоят аз дарди шикам аз ташхис гузарондем, дар меъдааш захмро муайян кардем, вале ҳангоми ҷарроҳӣ қариб ҳуш аз сарамон парид. Бовар надоштем, ки организми одам то ин андоза тобовар бошад», - мегӯяд Ятиндер Малхотра, яке аз табибони ҷарроҳ.
«Аз хӯрдани ашёи оҳанин, бахусус корд лаззат мебурдам. Хӯрдани кордро ду моҳ пеш оғоз кардам. Хуб ба хотир дорам, ки то ин рӯз ҳамагӣ 28 кордро фурӯ бурдаам, вале худам дар тааҷҷубам, ки 12 корди дигар дар меъдаи ман аз куҷо пайдо шуда бошад?» – мегӯяд Сингх.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
5 ОДАМЕ, КИ БОРҲО АЗ МАРГ НАҶОТ ЁФТААСТ
3. ҶО СИМПСОН
Барои Ҷо Симпсони перугӣ фатҳ намудани қуллаи баландтарин - Сиула Гранд корномаи бузург маҳсуб меёбад. Зеро он яке аз қуллаҳои баландтарин дар қаторкӯҳҳои Анд аст, ки 500 километр паҳно ва 4000 метр баландӣ дорад.
Аммо вақти фаромадан бо тасодуфе пойи Ҷо мешиканад. Баъди ин фалокат камарбандаш низ бурида мешаваду ба чуқурии 30 метр болои ҳавзи яхбаста сарозер меафтад.
Шаҳди ғолибияти ӯ бо тундии марг омехта гардид. Аммо кӯҳнаварди қавиирода матонат нишон дода, бо пои шикаста 3 рӯз гаваккашон раҳ паймуд ва худро ба лагер расонд.
Баъдтар ӯ китоберо бо номи «Ламс кардани холигӣ» менависад, ки аз мубориза байни маргу ҳаёт нақл мекунад. Дар бораи ҳодисаҳои аз сар гузарондаи ӯ филми ҳуҷҷатие низ ба навор гирифта шудааст.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.10.2018 №: 196-197 Мутолиа карданд: 1162