мулоқотҳо
ВОХӮРӢ БО РАИСИ ПАЛАТАИ ПОЁНИИ ПАРЛУМОНИ ЯПОНИЯ
Имрӯз дар доираи сафари расмӣ дар Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси палатаи поёнии Парлумони Япония Тадамори Ошима мулоқот карданд.
Дар мулоқот ҳар ду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи тарафайн хушнудӣ карданд.
Аз 25 - умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ, рушди босуботи робитаҳои байнипарлумонӣ, таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ, алоқаи пурсамари мақомоти қонунбарори кишварҳо, татбиқи босамари беш аз 50 санади меъёрию ҳуқуқии ба имзорасида, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Пешниҳод гардид, ки барои ба таври матлуб густариш додани муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ - Гурӯҳи муштараки корӣ оид ба таҳлили заминаи қарордодию ҳуқуқӣ таъсис дода шавад.
Дар ҷараёни мулоқот имконоти васеи робитаҳо дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла ҳамкории техникӣ - гуманитарӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, истифодаи самараноки неруи инсонӣ, баррасӣ шуда, пешниҳод гардид, ки барои тайёр кардани кадрҳои дараҷаи баланди бахшҳои иқтисодиёт, идоракунӣ, ҳуқуқ, нақлиёт, телекоммуникатсия, тандурустӣ, тиҷорат, кишоварзӣ, туризм, бахши бонкӣ ва молиявӣ Маркази таълимии Япония дар Тоҷикистон бунёд гардад.
Ворид кардани сармояи японӣ ва ҳамкории техникӣ барои татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ - гуманитарӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон, рушди бахши хусусӣ, робитаҳои фарҳангӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буданд, ки ҷонибҳо оид ба иҷрои онҳо табодули андеша карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Тадамори Ошима даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояш мусоид ба Тоҷикистон ташриф орад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.10.2018 №: 196 -197 Мутолиа карданд: 1116