logo

фарҳанг

2018. ОЗМУНҲОИ "ҶУМҲУРИЯТ" МАРЗҲОРО УБУР КАРДАНД

Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳбарияти Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» иқдоми наҷиберо пеша кард ва як гурӯҳ зиёиёну рӯзноманигорони собиқадор ва ҷавонони навкори нашрияро ба саёҳати шаҳри Самарқанд бурд. Самарқанд аз зеботарин шаҳрҳои ҷаҳони куҳану муосир буда, дар таърих пойтахти 27 давлат будааст. Аз соли 2001 ба рӯйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангии ЮНЕСКО шомил шуда, аз соли 2014 яке аз панҷоҳ шаҳри тамошобоби ҷаҳон аст. Шаҳр саршор аз қиссаву шеъру достон, корномаю ҳаводиси нодири ҷаҳони куҳан ва имрӯз, макони гардишгарони дунё ва маркази баргузории чорабиниҳои сатҳи байналмилалист.
ДАР РЕГИСТОН
Бо хушҳолӣ аз пазироии гарми сарҳадчиён дар минтақаи Саразми шаҳри Панҷакент сӯи ин шаҳри азим раҳсипор шудем. Роҳбалади мо қаблан огоҳ намуд, ки нахуст ба Регистон меравем. Дар дилу дидаҳо шавқи дидори он боло мегирифт. 
Регистон таърихи аҷиб дорад. Пеш аз ҳуҷуми муғулҳо дар ҷои ҳозираи ин маҷмаа рӯде ҷорӣ шуда, паҳнои васеъ доштааст. Самарқандиён аз зулми истибдодгарон ба дод омада, аз Афросиёб ба соҳилҳои ҳамин рӯд кӯч мебанданд. Дар якҷоягӣ ҷӯй канда, рӯдро ба маҷрои муайян медароранд. Дар ҷойҳое, ки қаблан об ҷорӣ мешуд, тӯдаҳои рег боқӣ мемонанд, аз ин рӯ, мардум сарзамини тозакашфро «Регистон» ном мегузоранд.
Аммо ҳоло аз регзор нишоне нест. Ба ҷои он се мадрасаи бузург – мадрасаҳои Улуғбек, Шердор ва Тиллокорӣ қомат афрохта, дар якҷоягӣ маҷмааи (ансамбли) бошукӯҳи аҳди қадимро муҷассам кардааст. Ин мадрасаҳо ба истилоҳи имрӯзӣ, донишгоҳҳои классикии ҷаҳон ба шумор мераванд.
Ташаккулу такомули маҷмаа ба асрҳои XIII - XVII рост меояд. Куҳантарин мадраса, мадрасаи Улуғбек буда (1417-1420), аз замони ҳукмронии сулолаи темуриҳо танҳо он боқӣ мондааст. Дигар биноҳои меъморӣ бо гузашти айём рӯ ба харобӣ овардаанд. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, дар замони Мирзо Улуғбек Самарқанд рушди бесобиқа дида, соҳиби корвонсаройи бузург, расадхона, масҷидҳои бошукӯҳ, ҳаммом, хонақоҳ ва биноҳои дигари маданӣ - маишӣ мегардад.
Мадрасаи Шердор (1619-1635) бо фармони Ялантушбий Баҳодур сохта шудааст. Чанд муддат ин мадраса бо номи ӯ ба забон гирифта мешуд, аммо бо мурури вақт номаш Шердор шуд. Сабаби чунин ном гирифтани он тасвири ду шери даромадгоҳаш аст, ки аз пушташон офтоби одамсурат нурпошӣ мекунад. Оҳуҳои аз тарси шерон рамида, ки ба қафо нигоҳ карда мегурезанд, ба ҳусни пештоқ ҳусни дигар зам кардаанд. Катибаҳои зебои бо хати кӯфӣ сабтгардида арзиши ин ёдгории таърихиро дучанд меафзоянд.
Дар сохтмони бинои мадрасаи Тиллокорӣ (1646-1659), бавижа дар ороиши он, Ялантушбий Баҳодур тиллоро дареғ надоштааст ва то имрӯз ҷилои тиллооби девораҳою гунбази мадраса гардишгарони ҷаҳонро ба ҳайрат меоварад. Нақшҳо чунон нафису назаррабоянд, ки ҳамсафарони мо дар радифи сайёҳони хориҷӣ чашм аз тамошояш намеканданд.
БОЗДИД АЗ ХОНА - МУЗЕЙИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ
Хонаи устод Садриддин Айнӣ, дар наздикии Регистон воқеъ буда, пас аз 12 соли вафоти ӯ - соли 1967 ба хона – музей табдил дода шуд. Устод Айнӣ дар ин хона соли 1923, замоне, ки аз таъқиби навкарони амири Бухоро пинҳон мешуд, мустақар гардид. Ҳангоме ки вориди хона - музей шудем, ҳиссу ҳаяҷони аҷибе моро пахш кард. Зеро дар ин даргоҳ сарнавишти фардои адабу фарҳанг, забон ва дар маҷмӯъ миллати тоҷик ҳал шудааст. Устод дар ин манзил то соли 1950 зиндагӣ ва эҷод карда, ба ҷуз аз чандин асарҳои гаронмоя, инчунин шаҳодатномаи миллати мо – «Намунаи адабиёти тоҷик» - ро офаридааст.
Бинои хона ба ду бахш тақсим мешавад. Бахши аввал дар охири асри XIX - ибтидои асри XX бунёд ёфта, бахши дувум соли 1930 аз тарафи худи нависанда ва дӯстони ӯ бунёд ёфтааст. Дар он ҳуҷраҳои истиқоматӣ ва ду ҳуҷраи кории устод Айнӣ дар шакли асл нигоҳ дошта шудаанд.
Дар муассиса нусхаҳои асарҳои ӯ, ки ба бисёр забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд, пораҳо аз рӯзнома ва маҷаллаҳои он давра дар бораи фаъолияти устод ва дастнависҳои аслии худи адиб мавҷуданд.
Устод Айнӣ солҳои аввали ба Самарқанд омадан, дар хонаи дӯстон ва хешовандонаш зиндагӣ мекунад. Соли 1923 аввал як қисми ин хонаро, минбаъд соли 1930 қисми дувумашро мехарад. Адиб аз маскан гирифтанаш дар ин шаҳр басо фараҳманд буд ва аз шароити хуби фароҳамомада истифода бурда, барои тамаддуни халқамон корномаҳои бузурге ба сомон расондааст.
Маорифпарварони Самарқанд аз омадани устод Айнӣ хеле шод буданд. Ӯ дар ташкили аввалин мактабҳои навуслуб фаъолона иштирок карда, бо нашрияҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ ҳамкориҳои судманд дошт.
ДАР ЗИЁРАТИ ОРОМГОҲИ ХОҶА АҲРОРИ ВАЛӢ
Мадрасаи Нодир Девонбегӣ ё Оромгоҳи Хоҷа Аҳрори Валӣ яке аз маконҳои дӯстдоштании сайёҳон ва аҳли дину тақвост. Он дар қисмати ҷанубу ғарбии Самарқанд воқеъ гардидааст. Хоҷа Аҳрор соли 1426 дар 22 - солагӣ ба Самарқанд меояд.
Таърихнигорон зикр кардаанд, ки хонаи худи Хоҷа дар шимолу ғарбии шаҳр, дар ноҳияи Ургут ҷойгир будааст. Ҷойе, ки оромгоҳи ӯст,  коргоҳ ва мадрасаҳои сохтааш ҷойгиранд. Хоҷа ин мадрасаҳоро сарпарастӣ мекард.
Дохили мадраса калон буда, дар беруни он ҳавзе, ки дорои ҳашт кунҷ, яъне мувофиқи ривоятҳо дари ҳашт биҳиштро бозгӯ менамояд, ҳанӯз ҳам саршор аст. Дар оромгоҳ ба ҷуз аз Хоҷа Аҳрор, боз хешу пайвандон ва шогирдонаш низ мадфунанд.
Шиоре, ки аз ӯ то имрӯз маъруф аст: «Даст ба кору дил ба ёр аст». Яъне, ӯ аз зумраи он шахсиятҳост, ки тақвою ибодатро ниҳояти кор намедонист ва бо арақи ҷабин ризқ меёфт. Тоҷир ва заминдори бузурги замони хеш буд ва дороию обрӯи баланди хешро борҳо барои нишондани оташи ҷангу низоъҳои ҳукуматдорони темурӣ ва осудагии мардум бахшидааст.
ФАРАҲМАНДИИ ТОҶИКОНИ САМАРҚАНД
Дар рафти сафар роҳбари Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Самарқанд Абдуваҳҳоб Воҳидов, нависанда Адаш Истад, корманди телевизиони тоҷикии шаҳр Шаҳло Аҳророва моро ҳамроҳӣ карданд. Ростӣ, эшон аз дидори мо ва мо аз дидори онҳо чунон шод будем, ки ба куртаамон намеғунҷидем. Дар фарҷом бо онҳо сари як пиёла чой суҳбат оростем. Чойнӯшии мо ба маҳфили фарҳангӣ табдил ёфт ва шеърхонӣ, таронасароӣ ва изҳори меҳру муҳаббат авҷ гирифт. Сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода ба бародарону хоҳарони тоҷик чанд шумора аз рӯзнома ва китобҳои тоҷикӣ армуғон намуда, аз ояндаи рӯшани ҳамкориҳои адибону рӯзноманигорони Самарқанд бо матбуоти Тоҷикистон ҳарф зад.  
Сафари мо пайваста бо хотираҳои наҷибу нотакрор анҷом ёфт. То чанд муддат оғӯштаи таъриху тамаддун ва фарҳангу адаб будем. Фазову муҳити Самарқанд моро ба худ  сахт ҷазб кард. Ва аз ҳама муҳим, дар оғӯши ин шаҳри бостонӣ заррае ҳисси бегонагӣ дар вуҷудамон набуд.
Бузургмеҳр БАҲОДУР,
Шаҳбоз АБРОР,
Қурбон АҲМАДЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2018    №: 196 -197    Мутолиа карданд: 966
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед