logo

маориф

РИСОЛАТИ ОМӮЗГОР – ТАРБИЯИ НАСЛИ ОЯНДАСОЗ

Илму дониш  дар миёни мардуми тоҷик аз қадим мақоми хос дошт ва мардуми бофазлу соҳибтамаддуни мо дар баробари арҷгузорӣ ба ин ду манбаи маърифат саҳм ва нақши бузурги омӯзгорро дар раванди азбар намудани ин сармояи беназири маънавӣ ҳеҷ гоҳ сарфи назар накардааст. Яъне, арҷгузорӣ ба меҳнати пуршарафи омӯзгор суннати деринаи миллати тоҷик мебошад.
Истилоҳоти «омӯзгор», «устод», «муаллим», «мураббӣ» - ро мо дар гуфтори мардум хеле зиёд дучор меоем, вале на ҳамеша бобати нақши он дар ҳаёти ҷомеа ва тарбияи афроди башар андеша мекунем. Агар ба моҳияту мазмуни ин мафҳумҳо бо ҳусни зеҳн амиқтар назар афканем, заҳмати ҳамарӯза ва пурмашаққати  омӯзгоро дақиқтар таҳлил намоем, бароямон маълум мегардад, ки ӯ ба мо на танҳо донишу малака ва ҳунару маҳоратро меомӯзад, балки дар ниҳоди мо беҳтарин хислатҳо – хештаншиносӣ, инсондӯстӣ, таҳаммулпазирӣ, якдигарфаҳмӣ, хайрхоҳиву накукорӣ, матонату ирода, ҷасорату мардонагӣ, садоқату вафодорӣ, хулоса, тамоми он сифатҳое, ки аз камолоти воқеии инсон башорат медиҳанд,  парвариш медиҳад.
Аз таърихи гузаштаи халқамон бармеояд, ки осори оламшумули таърихию фарҳангӣ ва илмию адабии ниёгонамон маҳз дар натиҷаи азобу ранҷ ва заҳмати пайвастаи устод - омӯзгор офарида, бо азму талоши онон  ба насли имрӯза дастрас ва ба  амонат гузошта шудаанд.
Аз ин рӯ, номуси амонатдорию ватандорӣ мо - омӯзгоронро водор менамояд, ки ин амонат - ганҷинаи беназири миллиро ҳамчун гавҳраки чашм ҳифз намуда, аз дурру маънии ин сармоя дар раванди таълиму тарбия ва камолоти маънавию ҷисмонии  насли навраси тоҷик  бо камоли масъулият ҳарчи бештару самараноктар баҳрабардорӣ намоем.
Мавриди зикри хос аст, ки барои тарбияи ворисони арзандаи Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Буаливу Хайём, Ҷомию Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Айниву Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров ва дигар бузургони миллат омӯзгори имрӯза бояд на танҳо ба меросу фазилатҳои ин абармардон  шинос, балки идомабахши арзандаи афкору андешаи онҳо бошад ва сифатҳои беҳтарини ин фарзонафарзандонро дар ниҳоди насли имрӯзаи миллат парварида тавонад.
Танҳо бо шарофати заҳмати пайваставу пурмашаққати омӯзгор мо пайванди қавии наслҳоро таъмин намуда, имкон пайдо мекунем, ки тавассути дарёфту суфтакории беҳтарин ва арзишмандтарин дурдонаҳои ганҷинаи ниёкони хеш ҷаззобияту ҳашамат ва бузургии кохи илму маърифати миллатамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. 
Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва ба сари қудрат омадани шахсияте, ки дар сиёсати хеш нисбат ба дигар соҳаҳо илму маорифро афзалияти бештар додааст, яъне Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  шаъну эътибори омӯзгор дар ҷомеаи мо боз ҳам болотар рафт ва масъулияти он бештар гардид.
Омили  муҳим  ва кафили  боэътимод  дар  роҳи баланд  бардоштани қадру маназалат ва мақому мартабаи иҷтимоии муаллим дар ҷомеаи  муосири Тоҷикистон, бешак, сиёсати беназири Пешвои муаззами миллат дар соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Ин сиёсатест, ки бо шарофати кафолати боэътимоди он муаллим рисолати пуршарафи худ – тарбия ва камолоти маънавии насли ояндасози миллатро бо дарки масъулияти баланд ва номуси ватандорӣ иҷро карда метавонад.
Имрӯз дар кишвари мо бо дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру  манзалат ва мақоми иҷтимоии муаллим то ба ҳаддест, ки аз он аҳли ҷомеа ва ҳам омӯзгор манфиатдор ва қаноатманд мебошанд.
Бо таъкиди «соҳаи ҳаётан муҳим» Пешвои миллат таваҷҷуҳи аҳли маориф, пеш аз ҳама, омӯзгорони кишварро  ба масъалаи афзалияти бештар додан ба таълиму тарбия, баланд бардоштани сифати он дар тамоми зинаҳои таҳсилот, истифодаи тамоми имкониятҳо дар таълиму тарбияи насли наврас, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва самаранокии фаъолияти онҳо ҷалб намуданд.
Сиёсати  соҳаи   маориф,  ки   дар   саргаҳи   он  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили боэътимод қарор доранд, тавре оқилона тарҳрезӣ шудааст, ки дар раванди татбиқи он ҷомеаи мо зина ба зина дар тамоми  соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас беш аз пеш ноил мегардад. Зеро пешрафти тамоми соҳаҳо маҳз аз ҳамин муҳаррики асосӣ – илму маориф вобастагии қавӣ дорад ва меҳвари асосии ин муҳаррик  ҳамоно омӯзгор аст.
Пешвои миллат дар тамоми мулоқоту суханрониҳо бо аҳли зиёи мамлакат, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф ва фарҳанг пайваста  аз нақши калидӣ ва созандаи омӯзгор дар эъмор ва рушди ҷомеаи муосир ёдовар шуда, таъкид менамоянд, ки «Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад» ва «омӯзгори дилсӯзу бомаърифат ва ба тарбияи инсон содиқ чароғи маърифат ва боигарии миллат аст».
Таҳаввулоти азими илмию техникӣ, тағйироти вусъатёбандаи геополитикии сайёра, пайомадҳои гуногуни раванди ҷаҳонишавӣ муносибатро нисбат ба нақш ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа дигаргун сохт, дар назди ӯ ҳамчун тарбиятгари афроди башар вазифаҳои бағоят зиёду пурмасъулиятро вогузор намуд.
Рушди босуръати илм дар асри XXI ба ташаккули зинаи нави пешрафти ҷомеа ҳидоят намуд, ки онро муҳаққиқон ҳамчун ҷомеаи фаросаноатӣ ё иттилоотӣ арзёбӣ кардаанд. Дар ин радиф тамаддуни имрӯзаро метавон ҳамчун як шакли ниҳоят мураккаби ҳаёти иҷтимоӣ арзёбӣ намуд, зеро бақову фано ва ё рушди он дар қиёс бо зинаҳои қаблии таърихи башарият, пеш аз ҳама, аз сатҳи ақлу заковат, донишу хирад ва дурандешии  инсонҳо вобаста аст. Мусаллам аст, ки дар тарбияи чунин хислатҳои волои  инсонӣ омӯзгор нақши калидӣ мебозад. Ба андешаи муҳаққиқон аломатҳои асосии ин ҷомеа – салоҳиятнокӣ, табдилёбии донишгоҳҳо ба «мошинҳои бошуур» ва донишу худомӯзии муттасил мебошанд.
Ҳамин тариқ, ҷомеаи иттилоотии асри XXI ҷомеаест, ки дар он дониш ва аҳамияти он барои инсон, ҳамчунин, таъсири он ба сатҳи некуаҳволии ҷомеа  ба арзиши асосӣ табдил меёбад. Аз ин рӯ, дар чунин шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир танҳо  кишварҳое ба пешрафту рушд ва рақобатпазирӣ умед баста метавонанд, ки дар сиёсати хеш ба соҳаи илму маориф афзалияти бештар дода, ба омӯзгору  меҳнати пурмашаққати ӯ арҷ мегузоранд. Зеро зимни татбиқи сиёсати афзалиятноки маориф имконият ва шароитҳои мусоиди педагогие фароҳам меоянд, ки барои  афзунгардонии неруи инсонӣ пайваста мусоидат хоҳанд кард, ки он дар навбати худ яке аз нишондиҳандаҳои асосии сатҳи тараққиёти давлат ва некуаҳволии мардуми он маҳсуб меёбад.
Маҳмадулло РАҶАБЗОДА, ректори Донишкадаи давлатии
забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2018    №: 196 -197    Мутолиа карданд: 1184
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед