порлумон
ПЕШНИҲОДИ ЭЪЛОМИЯ АЗ ДАРОМАД. БОЗ ЯК ҚАДАМИ ҶИДДӢ ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ҷонибдорӣ карданд. Қабули лоиҳаи қонуни мазкур як навъ мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ арзёбӣ шуда, бар асоси он минбаъд довталабони вазифаҳо ва мансабҳои давлатӣ ҳангоми ишғоли вазифаҳо дар мақомоти давлатӣ муваззафанд, ки эъломия оид ба даромад ва вазъи молу мулки худро пешниҳод намоянд.
Тавре Ҷумъа Давлатов, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тавзеҳи лоиҳа гуфт, ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» коҳиш додани хавфи ҷиноятҳои коррупсионӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад. Он дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020 таҳия гардидааст.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.10.2018 №: 196 -197 Мутолиа карданд: 1661