номаҳо
ЗАБОНРО БОЯД ДӮСТ ДОШТ, ДӮСТ
Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне забони нобу ширини тоҷикиро дӯст медорам. Оре, дӯст медорам.
Ман ба ҳангоми омӯхтан ба ин хулоса омадам, ки забонро то дӯст надорӣ, ба он дилбастагӣ надошта бошӣ, омӯхта наметавонӣ, омӯзонда низ.
Забонро мисли Ватан, зодгоҳ, сарзамини аҷдодият низ бояд дӯст бидорӣ, эҳтиром бигузорӣ ва ба он ифтихор бинамоӣ.
Омӯхтани ин забон барои мани ӯзбекзабон дар оғоз басо душвор буд. Аммо чун ин ҳақиқатро дарёфтам, ба дунёи зебояш ба осонӣ роҳ ёфтам.
Ман ба василаи забони тоҷикӣ асарҳои Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Бадриддин Ҳилолӣ, Садриддин Айнӣ ва дигар адибони оламшумулро хондам ва баҳраҳои зиёд бардоштам.
Ба шогирдони ӯзбекзабон мегӯям ва ҳам таъкид менамоям, ки василаи омӯзишу роҳ ёфтан ба асрори забон муҳаббат мебошад. Ҳеҷ мумкин нест, ки дар кишваре бо амну хушӣ зиндагӣ ба сар бибариву забони асосӣ, давлатии онро надонӣ. Надонистан, балки наомӯхтан, ба андешаи ман, як навъ беэҳтиромӣ ба он миллат мебошад.
Ин забон, забони ноби тоҷикӣ басо пурғановат аст. Омӯзиши пайвастаро мехоҳад. Дар омӯзиш ё худ расидан ба манзили аввали мақсуд набояд касро зуд қаноатманд созад. Бо омӯзиш рӯҳи кас шод мешаваду неруманду қавӣ.
Ин забон, забони тоҷикӣ забони шеър аст, дониш аст, хирад аст. Ҳар нафаре, ки онро омӯхта соҳиби иззату обрӯ, бахту иқболи баланд гардидааст.
Ифтихор аз он мекунам, ки ман ин забонро ба шогирдон меомӯзонам. Дар рафти дарс онҳоро ба эҷоди бузургони ин миллати мутамаддин ошно месозам. Маводи таълимӣ дар ин маврид, хушбахтона, дастрас мебошад ва кори моро он осон мегардонад.
Турсуной ОДИЛОВА, омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 9 – и ноҳияи
Носири Хусрав
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 05.10.2018 №: 196 -197 Мутолиа карданд: 1374