мулоқотҳо
СУҲБАТ БО РОҲБАРИ ГУРӮҲИ ДӮСТИИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОНУ ЯПОНИЯ КЕЙДЗИ ФУРУЯ
5 октябр дар шаҳри Токиои Япония Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейдзи Фуруя мулоқот карданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии ду кишвар мавриди барррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми назарраси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония дар рушду густариши муносибатҳои байни мақомоти қонунбарор ва таҳкими дигар бахшҳои ҳамкории дуҷониба, баҳои баланд доданд.
Ҷонибҳо аз вазъи имрӯзаи тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, муколамаи сиёсии байни давлатҳо, ки дар натиҷаи сафарҳои расмии сарони давлатҳо сатҳу сифати навро касб намуд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳар ду ҷониб зимни баррасии дурнамои робитаҳои байнипарлумонӣ, бо итминон иброз дошт, ки Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония минбаъд низ барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳо ва таъмиқи ҳамкорӣ дар дигар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовар, саҳми арзанда мегузорад.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 08.10.2018 №: 198 Мутолиа карданд: 1136