маориф
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН ЗАМИНАИ БОЭЪТИМОДИ ТАРАҚҚИЁТИ КИШВАР
Илму техника дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳамаи соҳаҳо, бавижа ба хоҷагии халқи кишварҳои дунё, таъсири шоиста гузошт. Вусъатёбии навоварию ихтироъкориҳо, дарёфту ҷустуҷӯи роҳҳои нави расидан ба натиҷаҳои баланд ва ҳадафҳои дақиқу самарабахш ба фаъолияти соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба ин мазмун фармуда буданд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки касбомӯзонро ба тозатарин навиду дигаргуниҳои техникӣ ошно созем ва раванди машғулиятҳоро бо истифодаи самарабахши техникаю технологияи замонавӣ ба роҳ монем».
Дар ин раванд, нақши муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҷиҳати бо мутахассисони баландихтисос таъмин намудани бозори дохилӣ ва хориҷӣ муассир аст. Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд яке аз чунин муассисаҳои фаъоли Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар таъмини бозори дохилии меҳнат бо мутахассисони соҳибмалака саҳм мегирад.
Дар муассиса то имрӯз аз рӯйи 45 касбу ҳунар зиёда аз 33 300 нафар соҳибкасб гардиданд ва ин раванди мусбат идома дорад. Литсей аз имкониятҳои моддию техникӣ ва захираҳои зеҳнии худ истифода намуда, бо ташкилоту корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Хуҷанд, шаҳру ноҳияҳои атрофи он ва вилояту ҷумҳурӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Касбомӯз пешаи худро дар раванди таҷриба месанҷад, сайқал медиҳад ва ба камолоти ҳунарӣ мерасад.
Ба ин хотир, дар муассиса барои баргузор намудани машғулиятҳои назариявӣ аз фанҳои умумӣ ва машғулиятҳои амалӣ аз фанҳои тахассусӣ шароитҳои хуби омӯзиши ихтисосҳоро фароҳам овардаанд. Барои баргузор намудани таҷрибаомӯзии таълимӣ дар устохонаҳо, синфхонаҳои тахассусӣ ва озмоишгоҳҳо маводи таълимӣ, таҷҳизоти муосир, аёниятҳои электронӣ, асбобу лавозимоти зарурии соҳавӣ ва технологияи компютерӣ муҳайёст.
Дар муассиса 109 корманд ба фаъолият фаро гирифта шудаанд. Соли равон барои таъмир ва таҷҳизондани муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки самти барномавии Лоиҳаи тақвияти таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва омӯзиши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд мебошад, дар бинои таълимгоҳи литсей ва хобгоҳи он таъмир оғоз ёфт ва рӯзҳои наздик пурра биноҳои мазкур мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мо - кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбиро вазифадор менамояд, ки ҳар чи бештар аҳолии бешуғл ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ дар муассисаҳои таълими касбӣ фарогир шаванд. Мо бояд ба мутахассисони оянда дуруст талқин карда тавонем, ки дар шароити хона маҳсулоти бозоргир истеҳсол кардан мумкин аст ва барои ин давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд дорад. Аз пардохти андоз озод намудани ихтисосмандону косибон ва умуман, тамоми шаҳрвандоне, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ машғуланд, далели рӯшани гуфтаҳои моянд.
Маҷид НАИМОВ,
директори Литсейи касбии политехникии шаҳри Хуҷанд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.10.2018 №: 199 Мутолиа карданд: 1003