фарҳанг
ОДИНА ҲОШИМ ФАЛАКРО ТО БА ФАЛАК БУРД
Имсол дар доираи Рӯзи Фалак 80 – солагии фалаксарои беназиру шуҳратёр, шодравон Одина Ҳошим, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, таҷлил мегардад. Ба ин муносибат, хабарнигори рӯзнома бо фарзанди ин овозхони чирадаст Раҳматулло Ҳошимов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, ҳамсуҳбат гардид.
- Бешак, рушди бештари фалак, тарғибу ташвиқи он дар асри рафта, шурӯъ аз солҳои 60 – ум бастагӣ дорад ба падари Шумо, устод Одина Ҳошим.
- Воқеан, дар ин солҳо буд, ки падарам чанд намунаи фалакро дар Радиои Тоҷикистон сабт карданд. Ҳама базму вохӯриҳояшонро бо мардум бо фалак гарм медоштанду шукӯҳу зиннат мебахшиданд. Ба ҳар куҷое, ки мерафтем ва ё даъват мешудем, дуторашонро бо худ мегирифтанд. Албатта, ба хотири фалак, рушди бештари он ва тарғибу ташвиқаш.
Чандин навъи фалакро дар пардаҳои гуногун месароиданд. Ба ин васила моро низ ҳидоят менамуданд, ки ба ин жанр на танҳо эҳтироми махсус бигузорем, балки бо он барномаҳои ҳунариямонро низ ғановат бибахшему рангин бисозем.
Бо пешниҳоду ташвиқашон, махсусан дар водии Кӯлоб, солҳои 80 – ум озмунҳои фалаксароӣ баргузор гардиданд. Ин озмунҳо чеҳраҳои навро аз шаҳру ноҳияҳои гуногун ба майдони ҳунар овард, ки намунаи барҷастаи он Муҳаммадсафар Муродов ҳастанд.
- Интихоби рубоиҳо ва тарзи сароишашон, ба маънии мусбаташ, аз дигар овозхонҳо тафовут доранд. Чӣ асроре дар коргоҳи эҷодияшон ниҳон буд, ки барои мо - ихлосмандонашон ниҳон мондааст?
- Падарам хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буданд. Дар шинохти сухани асил, шеъри асил истеъдоди фавқулода доштанд. Дурру гавҳарро аз баҳри беканори адабиёти беш аз ҳазорсолаамон ба осонӣ мешинохтанду дастрас карда метавонистанд. Вазни арӯзро хуб медонистанд. Задаҳои мантиқиро дар ҷойҳои худ мегузоштанд. Ҳадафи шоир, гӯяндаро, ки ҳамзамон ҳадафи худашон маҳсуб мешуданд, ба шунаванда мерасонданд. Ҳатто ба талаффузи ҳарфҳо диққати махсус медоданд. Ҳамин буд, ки дигар овозхонҳо барои интихоби матни барҷаста ба ӯ муроҷиат мекарданд.
Барои сабти радиоӣ ва телевизионӣ баъзе аз матнҳоро ба ҳолати равонии худ мувофиқ мекунонданд. Аз ин рӯст, ки хонишашон таъсири дигар дорад.
- Ғазал, мегӯянд, ба василаи устод Одина Ҳошим ба фалак роҳ ёфт. Мехоҳам, дар ин бора суҳбатро идома бидиҳед.
- Нахустин бор қиблагоҳам соли 1967 дар Радиои Тоҷикистон як ғазали Амир Хусрави Деҳлавиро дар жанри мазкур сароиданд, ки матлааш ин аст:
Рафтиям аз чашму дар дил
ҳасрати рӯят бимонд,
Баршикастиву ба ҷонам нақши
гесӯят бимонд.
Баъд ғазалҳои устод Абулқосим Лоҳутӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидо, Ҳофиз ва дигар шоирони адабиёти муосиру классикиро сароиданд.
- Ба чӣ васила фалак ба эҷоди устод Одина Ҳошим роҳ ёфт?
- Таъсиргузори асосӣ халқ аст. Падарам аз халқ омӯхтанд ва пас аз рушду такмил, навовариҳо боз ба халқ онро баргардонданд. Маҳбубияташон дар миёни мардум, фикр мекунам, ки аз ин рӯст. Чун ҳунарманди асил рисолати худ меҳисобиданд, ки анъанаи фалаксароиро идома бидиҳанду зинда нигоҳ бидоранд.
- Мафҳумест маъмул, бо номи «Одинабазм». Чӣ гуна базм аст ва бо чӣ аз дигар базмҳо тафовут дорад?
- Оғози барномаи ҳунарии падарам аз «Сарахбор» буд. Яъне, як ғазалро бар жанри фалак мехонданд. Баъд силсилаи рубоиҳоро месуруданд. Бо анҷоми он ба ғазал рӯ меоварданд ва дар ин ҳол базмро бисёр гарм менамуданд ва шунавандаро бо таъсири худ ба майдони рақс мекашиданд.
Имрӯз туфайли дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фалак рушди тоза касб кард ва ҳамзамон, дар кишвар густариш ёфт. Ҳамасола 10 октябр он бо шукӯҳи хос таҷлил мегардад. Фалаксароёни ҷавон ба арсаи ҳунар омаданд. Аз ин ҳама кас, албатта, шод мегардад ва бо дилпурӣ умед мебандад, ки ояндаи ин жанр дурахшон мебошад.
- Албатта, мактаби фалаксароӣ ва сурудхонии устод Одина Ҳошим, хушбахтона, имрӯз пойбарҷосту фаъолияти чашмрас дорад. Аммо пажӯҳиши илмии он, ба андешаи инҷониб, ҷавобгӯи талабот нест. Назари шумо дар ин бора чӣ аст?
- Шодравон Талабхӯҷа Сатторов, композитори маъруф ва собиқ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ки имрӯз номи ӯро дорад, ба ин иқдоми шоиста рӯ оварда буданд. Марг имконашон надод, ки ин нияти некро амалӣ созанд. Баъдҳо баъзе таҳқиқотҳо ба анҷом расиданд, аммо ҳанӯз ҳам ҷавобгӯи талабот нестанд. Зарур аст, ки ҳарчи барвақттар ба чунин иқдом рӯ оварда шавад. Чунки мо - пайвандонашон, ҳамкорон ва ҳунармандоне, ки дар мактаби ӯ тарбия ёфтаем, ба бисёр масъалаҳо ҷавоб гуфтаву рӯшанӣ андохта, инчунин, ёрӣ расонда метавонем.
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.10.2018 №: 199 Мутолиа карданд: 955