logo

фарҳанг

ДЕВАШТИЧ. СУТУНСАНГИ ОРИЁӢ ДАР ДЕҲАИ УГУК

Деҳаи Угук аз маркази ноҳияи Деваштич дар масофаи 48 километр дур, дар оғӯши кӯҳсор ҷойгир аст. Баҳору тобистон обу ҳавои салқин ва табиати хушманзаре дорад, ки барои истироҳат хеле мувофиқ мебошад. Чун ба саргаҳи деҳа расидед, аз дарае, ки бо муъҷизаи табиат ҳамчун дарвоза хизмат мекунад, бояд гузаред, зеро дигар роҳ нест. Ин мавзеъро сокинони маҳаллӣ Тангӣ мегӯянд. Ду рӯди кӯҳӣ аз деҳаҳои Угук ва Овчӣ равона шуда, дар ҳамин ҷо ба ҳам мепайванданд. Дар шафати он роҳи мошингузар мавҷуд аст. Аз дохили кӯҳ чашмаи мусаффо ҷорист, ки ҳар мусофир аз он нӯши ҷон мекунаду ҳаловат мебарад.
Аз Тангӣ гузашта, ба самти чап равед, ба деҳаи Угук, ба мазори деҳ, ки он ҷоро қадамҷойи Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ меноманд, мерасед. Дар гузашта зиёратгоҳ ҳоли табоҳе дошт. Пеш аз дохили бино шудан касро ваҳму ҳapoc фаро мегирифт. Мавриди таваҷҷуҳи мо сутунсанги болои марқад аст. Бо мурури замон сутуни сангин аз дастмолию палмосидани зиёратчиён хӯрда ва суфта гардида, миёнаш борику поёну болояш пойбарҷост. Хушбахтона, нақши рамзи ориёӣ ва ҳаккокиҳои сутуни сангин имрӯз низ намоён аст.
Дар ин ёдгории таърихӣ, яъне сутунсанги ориёӣ ду намуд нақш, якеаш сувасти (свас- тика) -  вожаи ориёӣ, дигараш  сурати офтоб ҳаккокӣ  шудаанд. Нақши дохилаш аз 6 адад баргҳо иборат аст, ки ба барги бед шабоҳат дорад.
Бино бар ақидаи сарвари коллеҷи зардуштии Ҳиндустон ҷаноби Меҳр, ки дар вақташ ба ҳафриётшиноси машҳур, академик Аҳрор Мухторов иброз намудааст, ин нақшҳо ба расму ойини зардуштиён мансуб аст. Ҷаноби Меҳр нақше, ки ба сувасти монанд аст ва чор қисм дорад, ба чор унсур: об, оташ, хок ва бод маънидод намудааст. 6 адад барг офтобро ифода мекунад ва рамзу маъниҳои авестоӣ доранд.
Хулосаи илмии Аҳрор Мухторов аз таърихи хеле қадимаи сутунсанги зиёратгоҳи мазори Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар деҳа дарак медиҳад ва ин нукта дар маҷмӯаи мақолаҳояшон бо номи «Авроқи рангини таърих» нашр шудааст.
Таъмир ва тармими қадамҷои Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар оғоз ёфт ва зери ҳимоя қарор гирифт. Даставвал марди саховатпеша, собиқадори ҶБВ Абдуғаффор Холиқов то зиёратгоҳ хати барқ кашида, онро чароғон намуд. Собиқ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ғончӣ Абдуманнон Холиқзода бо аҳолии деҳа маслиҳат карда, тасмим гирифт, ки сутуни сангин ва зиёратгоҳи Хоҷа Абдуллоҳи Ансориро навсозӣ кунад. Соли 2006 кор оғоз ёфт. Дар ҳашари умумӣ кулли сокинони деҳа ширкат варзида, ба устоҳо дасти мадад расонданд. Дар натиҷа, ба ҷои иморати кӯҳнаи зиёратгоҳ мақбараи зебои гумбаздор қомат афрохт, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад.
Баъди тармиму навсозӣ соли 2007 иштирокчиёни «Корвони ваҳдат», ки дар ҳайаташ адибону олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳам буданд, аз ин ёдгории таърихӣ дидан намуданд. Бино ба ақидаи файласуф Рустам Назаров, замони зардуштиён дар маъбадҳо ҳафт посутун аз санг рост мекардаанд ва дар нӯгаш оташ гиронда, дар атрофаш алоҳида - алоҳида намоз мегузоштанд. Сутунсанги мазори деҳаи Угук ёдгории таърихиест, ки нишон аз тамаддуни ориёӣ ва қадимияти халқияти ориёнажоди мост. Мо имрӯз беш аз пеш ниёз дорем, ки чунин бозёфтҳои таърихии худро эҳё, ҳифз ва муаррифӣ намоем. Зеро миллати тоҷик дар Шарқ аз тамаддуну таърих ва фарҳанги гаронвазне бархӯрдор аст, ки назираш дар ҷаҳон кампайдост.
Дилмурод БЕРДИЕВ, муаррих,
Усмонҷон ИКРОМОВ, рӯзноманигор

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2018    №: 200    Мутолиа карданд: 1578
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед