logo

маориф

РИСОЛАТИ ОМӮЗГОР. ТАРБИЯИ НАСЛИ ВАТАНДӮСТУ ОЯНДАСОЗ

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати Рӯзи омӯзгорон таҳти унвони «Тарбияи насли ватандӯсту ояндасоз - рисолати омӯзгор» чорабинии идона баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, собиқадорони соҳаи маориф ва хонандагони фаъол иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ зикр шуд, ки рушду нумӯи соҳаи маориф асоси пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёти мамлакат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инкишофу пешрафти мактабу маориф ва илмро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат муайян карда, баҳри ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва такмили пойгоҳи моддӣ - техникии муассисаҳои маориф пайваста ғамхорӣ менамоянд. Омӯзгорон дар ҳамаи давру замонҳо неруи ҳифзкунандаи забон ва пешбарандаи саводу маърифат буда, сарфи назар аз ҳар гуна мушкилот, ин масъулияти пуршарафи худро сарбаландона иҷро мекунанд.
Таъкид гардид, ки тавассути тадбирандешиҳои Сарвари давлат дар самти рушду пешрафти соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия барои насли наврас ҳамасола дар шаҳри Душанбе иншооти наву замонавии соҳаи маориф бунёд ва иншооти мавҷуда мутобиқ ба замони муосир таъмиру тармим карда мешаванд. То моҳи сентябри соли ҷорӣ дар пойтахт сохтмон, таъмиру таҷдид ва лоиҳакашии 21 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ ба анҷом расид.
Иштирокчиёни ҳамоиш нақши омӯзгорро дар таълиму тарбияи насли оянда ва ба воя расондани неруи тавонои ватандӯсту ватанпарвар бениҳоят бузург арзёбӣ намуданд. Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе -  ғолибони олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва омӯзгорони онҳо бо туҳфаҳои моддию маънавӣ қадр гардиданд.
Қаблан бо қарори Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ба 37 нафар ғолибони ҷойи якуми олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ (барои ҳар нафар) - 1500 сомонӣ,  34 нафар ғолибони ҷойи дуюм - 1000 сомонӣ ва 29 нафар ғолибони ҷойи сеюм - 500 сомонӣ, дар маҷмӯъ 176500 сомонӣ дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд. Дар баробари ин, 28 нафар омӯзгоре, ки бевосита дар таълим ва омода намудани ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ саҳм гузоштааст, бо мукофоти пулӣ - 2000 сомонӣ (барои ҳар нафар) қадр шуд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2018    №: 200    Мутолиа карданд: 1039
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед