маориф
СТИПЕНДИЯИ СОҲИБ ТАБАРОВ ТАЪСИС ДОДА ШУД
Маҳмад Шарифов, сокини Ҷамоати деҳоти Нуралишо Назарови ноҳияи Муъминобод, яке аз шахсиятҳои шинохта ва марди саховатпешаест, ки собиқаи зиёди омӯзгорӣ дорад. Ӯ тасмим гирифтааст барои дастгирии хонандагони болаёқат ва дарёфти чеҳраҳои нав аз миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои худӣ стипендияи мунаққиди барҷастаи адабиёти тоҷик Соҳиб Табаровро таъсис бидиҳад.
Ин иқдоми наҷиби Маҳмад Шарифовро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф дастгирӣ намуданд. Тавре аз шуъбаи маорифи ноҳияи Муъминобод ба мо иттилоъ доданд, мақсад аз таъсиси идрорпулӣ, пеш аз ҳама, дарёфти хонандагони болаёқат, ҳамчунин, зинда намудани хотираи ин ходими барҷастаи адабиёт мебошад.
Шуъбаи маориф қарори таъсиси идрорпулиро ба тасвиб расонд. Аллакай, даври аввали озмун миёни хонандагони мактабҳои ноҳияи Муъминобод гузаронда шуд. Шартҳои озмун барои дарёфти идрорпулии ба номи Соҳиб Табаров донис-тани ҳаёту фаъолияти ин шахси муътабар, қироати хуби шеър, баҳои хубу аъло аз фанҳои дақиқ ва ғайра мебошад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Муъминобод 58 муассисаи таълимӣ амал мекунад, ки дар онҳо 19 ҳазору 754 хонанда таҳсил менамояд. Аз ин теъдод 9552 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.
И. РАҶАБАЛӢ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2018 №: 201 Мутолиа карданд: 981