logo

ҳуқуқ

СУҒД. ШУМОРАИ ИХТИЁРИЁН ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ МЕАФЗОЯД

Имрӯзҳо дар  саросари кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона ҷараён дорад.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, сол ба сол шумораи ҷавонони ихтиёрӣ барои адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ меафзояд ва, аллакай, як қатор шаҳру навоҳии вилоят нақшаи даъватро иҷро намуданд.

АШТ
Ноҳияи Ашт дар рӯзҳои нахустини даъват нақшаи пешбинишударо 60 дарсад иҷро намуд ва 100 нафар ихтиёрӣ барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гардид.
Ба муносибати гусели даъватшавандагон дар назди Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҷамъомади тантанавӣ доир шуд. Раиси ноҳия Зариф Мирдадо зимни суханронӣ иброз дошт, ки имрӯзҳо дар сафи Артиши миллии кишвар ҳазорон ҷавонони ватандӯст сарбаландона хизмат карда, бо неруи худ дар таҳкими сулҳу суботи кишвар ҳиссаи муносиб мегузоранд.

СПИТАМЕН
Дар варзишгоҳи марказии «Чашма» - и ноҳияи Спитамен маъракаи гусели ҷавонон баргузор шуд ва қариб 170 нафар ихтиёрӣ ба ҳифзи марзу буми Ватан рафт.
Тибқи иттилои манбаъ, соли ҷорӣ нахустин маротиба дар таърих нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ иҷро гардид.

ШАҲРИСТОН
Ноҳияи Шаҳристон низ  дар рӯзҳои аввал нақшаро 104 дарсад иҷро кард.
Ба муносибати гусели даъватшавандагон дар маркази ноҳия ҷамъомад доир гардида, таъкид шуд, ки хизмат ба Ватан – Модар на танҳо уҳдадории шаҳрвандӣ, балки қарзи виҷдониву имонӣ ва вазифаи боифтихори ҳар як ҷавонмарди сарзамин аст.

КОНИБОДОМ
Аз шаҳри Конибодом гурӯҳи аввалини ихтиёриён, ки беш аз 100 нафарро ташкил медод, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуд.
Дар майдони «Оташи абадӣ» ба муносибати гусели ихтиёриён чорабинии идона баргузор гардид. Зимни он, раиси шаҳр Ғайбулло Боҳирӣ иброз дошт, ки Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимод маҳсуб меёбад. Маҳз ба шарофати  хизмати шуҷоатмандонаи хизматчиёни ҳарбӣ мардуми Тоҷикистон имрӯз дар вазъи орому осуда зиндагӣ доранд.
Даъватшавандагон ба иштирокчиёни ҷамъомад ва дар симои онҳо ба тамоми мардуми диёр ваъда доданд, ки ҳар як ваҷаб хоки сарзамини аҷдодиро бо матонату мардонагӣ ҳифз хоҳанд кард.
Бахтовар КАРИМ, “Ҷумҳурият”

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.10.2018    №: 201    Мутолиа карданд: 883
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед