фарҳанг
ХАТЛОН. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МЕҲРГОН
Дар гулгашти «70 - солагии водии Вахш» - и шаҳри Бохтар бо иштироки вазири кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми тоҷик – Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода мардуми вилоятро бо ин ҷашни аҷдодӣ, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дубора эҳё гардид, табрик намуда, афзуд, ки Ҷашни Меҳргон як навъ ҷамъбасти заҳмати деҳқон аст. Хушбахтона, рӯз ба рӯз дастовардҳои деҳқонони вилоят бештар гардида, онҳо бо меҳнати пурмаҳсули хеш бозорҳои вилояту ҷумҳуриро бо маҳсулоти босифат таъмин менамоянд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин чорабинӣ озмунҳои вилоятии «Иди асал», «Иди харбуза» ва «Оши палов» низ доир гардиданд.
Пас аз таҳлилу баррасӣ ҳайати ҳакамон ба занбӯриасалпарварони ноҳияи Данғара ҷои аввал, ноҳияҳои Муъминободу Ховалинг мутаносибан ҷойҳои дуюму сеюмро муносиб донистанд.
Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун ба озмуни «Иди харбуза» беҳтарин навъҳои харбузаи маҳаллиро пешниҳод намуда, сазовори ҷои аввал шуданд. Ба деҳқонони ноҳияҳои Вахшу Панҷ бошад, ҷойҳои дуюму сеюм насиб гашт.
Дар озмуни «Оши палов» ошпазони ноҳияи Ёвон ҷои аввалро гирифта, ҷойҳои дуюму сеюмро ошпазҳои ноҳияҳои Кӯшониёну Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ишғол карданд.
Ба ғолибон дар фазои тантанавӣ туҳфа ва мукофотпулиҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супурда шуданд. Ҳамзамон, барои иштироки фаъолона дар ин озмунҳо 14 шаҳру ноҳия бо “Сипоснома” - и раиси вилоят қадр гашт.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2018 №: 201 Мутолиа карданд: 1250