мулоқотҳо
СУҲБАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СЕРГЕЙ РУМАС
12 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Сарвазири Ҷумҳурии Беларус Сергей Румас мулоқот намуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз рушду густариши равобити ду кишвар, ки бо талошҳои пайвастаи роҳбарони давлатҳо ва сафарҳои ҷавобии сарони кишварҳо ба даст омадааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вазъи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ баррасӣ карда, иброз доштанд, ки ин муносибатҳо дар асоси эътимоду бовари дуҷониба асос гирифта, марҳила ба марҳила ба сатҳи шарикии стратегӣ мебарояд.
Таъкид гардид, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон ба густариши ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ бахшид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судманди иқтисодию тиҷоратӣ, робитаҳои байниминтақаҳо ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, доираҳои соҳибкорӣ, соҳаи саноат, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширу гӯшт, воридоти техникаю технологияи муосир, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъсиси корхонаи муштараки “Агротехсервис” дар шаҳри Ҳисор оид ба истеҳсоли техникаи кишоварзӣ ва бунёди боғҳо дар вилоятҳои Брест ва Гомели Беларус намунаи беҳтарини ҳамкории дуҷониба арзёбӣ шуд.
Ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, мулоқоти доираҳои илмӣ ва аҳли эҷод табодули андеша карданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2018 №: 201 Мутолиа карданд: 3325