мулоқотҳо
ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ДМИТРИЙ МЕДВЕДЕВ
12 октябр дар Қасри миллат вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба вуқӯъ пайваст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Дмитрий Медведевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз имкони ин дидору мулоқот ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори хушнудӣ карданд.
Таъкид гардид, ки кишвари мо ба рушди минбаъдаи ҳамгироии Тоҷикистону Русия дар шакли шарикии стратегӣ ва иттифоқчӣ аҳамияти махсус медиҳад. Аз сатҳи баланди муносибатҳо, заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ, муколамаи доимии сатҳи олӣ ҳамчун омилҳои таҳкимбахш ва таъмиқи ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ шуд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди тиҷоратию иқтисодӣ, соҳибкорӣ, афзоиши гардиши мол, нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ, ҳамкорӣ бо ширкатҳои Русия дар самти энергетикаро баррасӣ карданд.
Дар суҳбат ба масъалаи дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия ва суръат бахшидан ба механизми маблағгузорӣ барои бунёди марказҳои нақлиётӣ ва логистикӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Ҷонибҳо ҳамкорӣ дар самти таъмини амният ва ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникӣ, андешидани тадбирҳои муштарак оид ба таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва сарҳадотро муҳокима карданд.
Ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Русия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.10.2018 №: 201 Мутолиа карданд: 3664